Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди дигарбораи Раҳмон ба шаффофияти интихобот


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори дигар ба шафоф ва озоду демократӣ доир кардани интихоботи порлумонӣ таъкид кардааст.

Оқои Раҳмон зимни ҷаласаи машваратӣ бо аъзои ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур ба раиси Камисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Додситони кул ва Додгоҳи олӣ дастур додааст, ки шароити озоду шаффоф ва демократӣ гузаштани интихоботи порлумониро таъмин намоянд.

Мирзоалӣ Болтуев, раиси КМИР, зимнан, аз омодагии комили ин камисюн барои доир кардани интихоботи рӯзи 28 феврал хабар додааст. Болтуев гуфтааст, ки барои доир кардани интихобот 3067 қитъа дар дохил ва 20 қитъаи раъйдиҳӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон таъсис шудааст. Ба гуфтаи ӯ, аз 153 номзаде, ки барои рақобат дар интихоботи МН сабти ном шуда буд, феълан 148 нафарашон дар сабақат боқӣ мондаанд.

Интихоботи порлумонии рӯзи 28 феврал дар Тоҷикистонро 508 нозири байналмилалӣ ва 24 ҳазор нозири дохилӣ назорат хоҳанд кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳоле дигарбора ба зарарути шаффоияти интихобот таъкид мекунад, ки ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри баёнияе аксари иддаъои аҳзоб, хоса ҲНИТ-ро дар мавриди мудохилаи мақомоти маҳаллӣ ба умури интихобот рад кард, ҳизбҳои сиёсӣ ва расонаҳову номзадҳои интихоботиро барои содир намудани ингуна иддаъо ҳушдор дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур қаблан низ чанд бор таъмини шаффофияти интихоботи порлумониро замонат дода буд.
XS
SM
MD
LG