Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба нимниҳоӣ роҳхат гирифт


Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар сабқати Ҷоми даъвати АФК дар Шри-Ланка бар мунтахаби Мянмар бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад ва дар гурӯҳ ҷои аввалро гирифт.

20.02.2010. Коломбо, Шри-Ланка. Тоҷикистон 3:0 Мянмар. Голҳо: Иброҳим Рабимов 33, Нӯъмон Ҳакимов 52, Юсуф Рабиев 88. Довар: Абдулло Навоф (Баҳрайн). Тамошобин: Сад нафар.

Ҳайъати Тоҷикистон: Алишер Тӯйчиев, Фаррух Чориев, Эраҷ Раҷабов, (корти зард), Даврон Эргашев, Соҳиб Сувонқулов, Хуршед Маҳмудов (к), Иброҳим Рабимов, Нӯъмон Ҳакимов (Комил Саидов 71), Фатҳулло Фатҳуллоев, (Асадулло Нуруллоев 62), Ҷомӣ Муҳиддинов (Алишер Улмасов 57), Юсуф Рабиев.

Қабл аз бозӣ. Як ҳадаф ва он ҳам пирӯзӣ ва пирӯзии бузург

То он ки Тоҷикистон ба марҳилаи нимниҳоӣ мерафт ва иштироки худ дар сабқати Ҷоми чолишро идома медод, дар бозӣ бо пешсафи гурӯҳаш Мянмар бояд ки ҳадди ақал ду гол мезад ва пирӯзӣ ба даст меовард. Бояд Тоҷикистон бо фарқияти бештар аз як гол бар Мянмар ғолиб меомад, ё ҳадди ақал бо ҳисоби 3:2, 4:3, 5:4 ва мисли он пирӯз мешуд.

Як бар сифр ё ду бар як чашми Тоҷикистонро ба сӯи бозии Бангладеш-Шри-Ланка мебурд....Хуллас, математикаи ин боядҳо хеле зиёд буд, аз ҷумла он ки агар Тоҷикистон мебохт, ҳатто Шри-Ланка шонси даври дигарро пайдо мекард! Ва агар Тоҷикистон мебохт, он гоҳ ба шӯхии як мухлиси футбол дар яке аз торнигорҳо , Пӯлод Қодиров маҷбур буд, дар Коломбо бимонад ва паноҳгоҳи футболӣ бипурсад.

Пӯлод Қодиров қабл аз ин бозӣ гуфта буд: «Мо пурра ба ин бозӣ омода хоҳем буд, мо бояд талош бикунем ва бояд пирӯз оем, чун мусовӣ ба нафъи мо нест. Мо ба ҳамаи мунтахабҳо эҳтиром қоилем, вале медонем, ки Мянмар нерӯманд аст ва мо бояд талоши зиёд ба харҷ бидиҳем.»

Сармураббии Мянмар бо номи Тин гуфт, «ин бозӣ барои мо муҳим аст. Мо бояд бо Тоҷикистон хуб бозӣ кунем ва мо бояд мувозиб бошем, чун ман мехоҳам, ки дар ҳар бозӣ ғолиб оем. Ҳарчанд, барои ман фарқ надорад, ки дар даври нимниҳоӣ бо кадом дастае бозӣ мекунам, ман боварии комил дорам, ки мо бо ҳар мунтахабе метавонем рақобат намоем.»

Сармураббии Мянмар вале дар назар доштааст, то дар бозӣ бо Тоҷикистон бархе аз бозигаронашро истироҳат бидиҳад. Ва ин истироҳат барои Мянмар хеле ҳам гарон афтод.

Бозӣ. Сабқати Нӯъмон бо Юсуф

Хабари хуш ба Тоҷикистон аллакай дар дақиқаи 7-ум расид. Не, ин хабар аз бозии Тоҷикистон-Мянмар набуд, балки аз варзишгоҳи Суғатадаш меомад, ки он ҷо Шри-Ланка ба Бангладеш дар ин дақиқа гол зад.

Мухлисони мунтахаби Тоҷикистон низ зиёд интизори голи дастаи маҳбубашон нашуданд. Дақиқаи 33-юм ва зарбаи Иброҳим Рабимов аз ҷарима рост ба «девятка»-и дарвозаи Мянмар медарояд.

Вале то ин гол, Алишер Тӯйчиев, дарвозабони Тоҷикистон, бекор нанишаста буд. Дар 15 дақиқаи аввал Алишер ду бор дарвозаашро аз гол эмин нигоҳ дошт. Дар дақиқаи 32-юм рақибон боз Алишерро ғам доданд ва интиқоми ӯро сипас, тавре аллакай гуфтем, Иброҳим гирифт.

Бозигарон бо ҳамин ҳисоб ба танаффус рафтанд ва боз бо хабарҳои хуш аз бозии рақибонашон, ки Шри-Ланка боз як гол задаасту, як бозигари дигари Бангладеш як корти сурх гирифтааст.

Аз Шри-Ланка ақиб намонем гуфта, дар оғози қисми дуввум капитан Хуршед Маҳмудов ба ҳамла гузашт, вале зарбаи ӯро дарвозабон баргардонид, аммо Нӯъмон Ҳакимов ҳамон ҷо буд, ки ҳамон ҷо буд. Ду бар сифр ва Нӯъмон дар феҳрасти голзанҳои мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш ба Юсуф Рабиев баробар шуд.

Нӯъмон метавонист дар ин феҳраст Юсуфро низ бигзарад, вале ду дақиқа баъди он голаш аз як лаҳзаи дигар истифода бурда натавонист.

Аммо Юсуф нахост, ки дар феҳрасти голзанҳои беҳтарини Тоҷикистон бо Нӯъмон ҳамроҳ бошад ва замоне, ки ҳама омодаи ҳуштаки анҷомии довар буданд, шумори голҳои худро дар ҳайъати мунтахаби Тоҷикистон ба 15 ва шумори голҳои худро дар Ҷоми чолиш ба 13 расонид.

Мақоми аввал аз Тоҷикистон аст

Хуб, аллакай гуфтам, ки дар бозии дигар Шри-Ланка бар Бангладеш бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад. Он ҳама шӯру шарри банголаиҳо пас аз пирӯзияшон бар тоҷикон ҳеҷ шуд. Дар он бозӣ Муҳаммад Шафроз Қайз аллакай дар дақиқаи 7-ум ҳисобро боз кард ва сареътарин голи марҳилаи ниҳоии Ҷоми чолишро зад. Пас аз ним соаташ ҳамноми ӯ аз Бангладеш Муҳаммад Аминул Ҳақ, ҳамоне, ки ба Тоҷикистон дар бозии аввал якум голро зада буд, корти сурх гирифт ва вазъи мунтахабашро хеле бадтар кард.

Даҳнафара банголаиҳо тоби ҳамлаҳои мизбононро, ки ҳанӯзам дар дилашон умеде барои нимниҳоӣ доштанд, наоварданд ва пеш аз танаффус Веллала Ҳетиге Чатура Гунратна ҳисобро ду бар сифр ва тоҷиконро шодтар кард. Даҳ дақиқа қабл аз анҷоми вақти асосӣ Шанмугараҷа Санҷив ба иштироки ҳам Шри-Ланка ва ҳам Бангладеш дар Ҷоми чолиш нуқта гузошт. Се бар сифр!

Ҳам Шри-Ланка ва ҳам Бангладеш 3-холӣ гирифтанд, вале Бангладеш аз ҳисоби бохташ ба мизбонон дар ҷойи охирин қарор гирифт. Бангладеше, ки дар бозии нахустинаш ба Тоҷикистон ғолиб омада буд, ҷойи охиринро гирифт. Тоҷикистоне, ки дар бозии нахустинаш аз Бангладеш шикаст хӯрда буд, ҷойи аввалро гирифт. Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Мянмар 6-холӣ гирифтанд ва боз ҳам аз ҳисоби ҳамон бозии байнихуд Тоҷикистон аввал гардид.

Акнун, Тоҷикистон дар бозии нимниҳоӣ рӯзи 24-уми феврал соати 15:00 ба вақти Душанбе дар варзишгоҳи Суғатадаш мунтазири ё Туркманистон, ё Қирғизистон ва ё Кореяи Шимолӣ хоҳад буд.

Феҳрасти голзанҳо

2 – Пай Су (Мянмар), Мамедалӣ Караданов (Туркманистон), Юсуф Рабиев, Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев (Тоҷикистон)
1 – Нӯъмон Ҳакимов (Тоҷикистон), Муҳаммад Ҳақ, Атиқ Раҳмон Мешу, Зоҳид Ҳуссайн (Бангладеш), Кяв Ти Ҳа, Ян Пейнг, Мё Мин Тун, Тун Тун Вин (Мянмар), Илдар Амиров, Антон Земляухин (Қирғизистон), Дензил Майкл Франко (Ҳиндустон), Рянг Йонг Ги, Пак Сонг Чол, Пак Кванг Рёнг, Чо Мёнг Ҳо, Ри Чол Мёнг (Кореяи Шимолӣ), Филипп Коста Далпесадо, Муҳаммад Шафроз Қайз, Веллала Ҳетиге Чатура Гунратна, Шанмугараҷа Санҷив (Шри-Ланка).
XS
SM
MD
LG