Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли саркӯбии журналистону блогнависон дар Эрон


Журналистони ҳабсшудаи эронӣ
Журналистони ҳабсшудаи эронӣ

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мегӯяд, соли 2009 дар кишварҳои гуногун 70 хабарнигор ҳангоми ифои вазифа ба ҳалокат расида, теъдоди бузурге аз кормандони расонаҳои хабарӣ боздошт ва ё маҳкум ба зиндон шудаанд.

Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ё CPJ, мақараш дар Ню Йорк, соли 2009-ро барои кормандони расонаҳои хабарии кишварҳои гуногуни олам “сангину фоҷиабор” хонда, хостори саҳми бештари СММ дар роҳи дифоъ аз хабарнигорон шудааст.

ТЕҒИ ДУДАМАИ FАСЕBOOK


Ба иттилои ин ниҳод, соли гузашта теъдоди бесобиқаи хабарнигорон боздошт ва ё маҳкум ба зиндон шудаанд. Масъулини Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон дар маросими муаррифии гузориши солонаашон дар дафтари СММ дар Ню Йорк ба он нукта таъкид карданд, ки аз ҳама бештар таъқиби хабарнигорон дар Эрон сурат гирифтааст – дар ин кишвар беш аз 90 корманди расонаҳои хабарӣ боздошт шуданд ва дасти кам 47 нафари онҳо то ҳанӯз дар маҳбасанд.

Роберт Маҳоней, муовини раиси Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мегӯяд, ки мақомоти Эрон ахиран барои муҷозоти хабарнигорони мустақил аз шабакаҳои Facebook ва Twitter истифода мекунанд: “Ҳукумати Эрон ҳоло Facebook-ро барои ошкор кардани дигарандешон ва хабарнигорон истифода мебарад , дар бораашон иттилоъ ҷамъ меоварад, мебинад, ки дӯстони онҳо киҳоянд ва фанновариеро, ки барои озодии матбуот пешбинӣ шудааст, алайҳи матбуот равона мекунад”.

ИТТИҲОМИ ҶОСУСӢ

Дар ҳамин ҳол ба гуфтаи Мозёр Баҳорӣ, хабарнигори нашрияи "Newsweek", ки соли гузашта ҳангоми намоишҳои эътирозии хиёбонӣ алайҳи натоиҷи интихоботи президентии Эрон боздошт шуда чаҳор моҳро дар маҳбас сипарӣ кардааст, ҳукумати Эрон роҳҳои нави муҷозоти хабарнигорони мустақилу озодандешро ҷустуҷӯ дорад.

Оғои Баҳорӣ мегӯяд, “айни ҳол пешниҳоде мавриди баррасӣ қарор дорад, ки тибқи он ҳамкории шаҳрвандони Эрон бо расонаҳои хориҷӣ ҷиноят шумурда мешавад.”

Ӯ меафзояд, ки “мақомоти Эрон, ба вижа, сипоҳдорони инқилоб, ҳарчанд қонун то ҳол қабул нашудааст, гуфтанд, ки онҳо кор дар расонаҳои хабарии эронии берун аз Эронро ҷиноят мехонанд.

Ҳамин тариқ, ҳар фарде, ки барои бахши форсии Би-Би-Си, бахши форсии Садои Амрико ё Радиои Фардо - бахши форсии Радиои Озодӣ кор мекунанд, метавонанд дар ҷосусӣ айбдор ва ҳамчун ҷосус муҷозот шаванд. Ва муфаттиши ман ҳам боре ба ман гуфта буд, ҳамаи мо мо медонем, ки ҷазои ҷосус – эъдом аст”

Роберт Маҳоней, муовини раиси Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон мегӯяд, замоне расидааст, ки ниҳодҳои СММ ҳукумати Эронро пайваста барои арҷгузорӣ ба озодии баён даъват кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, фақат дифоъ аз хабарнигорон, вокуниши сареъ ба ҳама гуна навъҳои хушунат алайҳи онҳо ҳукуматҳоро мутмаин месозад, ки таъқибу фишор алайҳи хабарнигорон пинҳон намемонад. Ӯ меафзояд, ки маҳз ҳамин пуштибонии созмонҳои хабарнигорӣ ба Баҳорӣ ва дигар хабарнигорони эронӣ имкон дод, ки маҳбасро тарк намоянд.

ДАЪВАТ АЗ СММ

Роберт Маҳоней гуфт, ки Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон хостори саҳми бештари Созмони Милали Муттаҳид дар роҳи дифоъ аз хабарнигорон шудааст. Ӯ изҳори итминон кард, ки Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун ба мавзӯъи дифоъ аз озодии баён таваҷҷӯҳи бештар зоҳир хоҳад кард.

Зимнан, бори аввал нест, ки шеваи бархурди мақомоти Эрон бо кормандони расонаҳои хабарӣ мавриди интиқоди шадиди созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон қарор мегирад. Аз ин пеш Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии матбуот, мақараш дар Вена низ, дар гузориши солонааш оид ба вазъи озодии баён дар соли 2009 Эронро дар сархатти давлатҳои саркӯбгари сухани озод ҷой дода буд.

Муаллифони гузориш навиштаанд, ки соли гузашта дар Эрон беш аз сад рӯзноманигору корманди матбуот ва блогнависҳо барои навиштани матлаб оид ба эътирози мухолифoн ба натоиҷи баҳсбарангези интихоботи раёсатҷумҳурӣ зиндонӣ ва ҳатто кушта шуданд.

Яке аз муаллифони таҳқиқоти марбут ба вазъи озодии баён дар ҷаҳон Энтони Миллз мегӯяд, ки “ҳукумат ҳама гуна шаклҳои ироаи иттилоъ, навиштаҳои блогнависҳову хабарнигорон ва ҳамаи онҳоеро, ки бо табодули маълумот оид ба интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии моҳи июн машғул буданд, саркӯб кард. Ин намунаи ҳукуматест, ки аз тариқи буғӣ кардани гузоришҳои мустақил талош дорад то ки ягон хабар оид ба рӯйдодҳое, ки ба таҳаввулоти ахири кишвар таъсири хеле зиёд доштааст, ба шакли катбӣ ё видеоӣ аз кишвар берун наравад”.

ИХЛОЛ БА АМВОҶИ МОҲВОРАҲО

Аз сӯи дигар созмонҳои дифоъ аз хабарнигорон ва ширкатҳои бузурги радиоиву телевизионии олам аз он нигаронанд, ки баъд аз шурӯи намоишҳои эътирозӣ алайҳи натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурӣ, Теҳрон талош дорад аз пахши барномаҳои садову симои хориҷӣ ҷилавгирӣ кунад.

Чанд рӯз пеш - Би-Би-Си, “Мавҷи Олмон” ва “Садои Амрико” - се ширкати бузурги радиоиву телевизионии ғарбӣ дар як изҳороти муштараки Эронро дар он айбдор карданд, ки барои пахши барномаҳо аз тариқи маҳвораи Hotbird монеаҳои электронӣ эҷод кардааст.
Ва ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи раҳбарони ин ширкатҳо, барномаҳои ширкатҳои радиоиву телевизионии Эрон бо забонҳои англисиву арабӣ аз тариқи ҳамин моҳвора дар сартосари олам бидуни мушкил пахш мешаванд.
XS
SM
MD
LG