Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

32 шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Қирғизистон


Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон мегӯяд, дар зиндонҳои ин кишвар 32 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд. Ҳомиёни ҳуқуқи башари қирғиз мегӯянд, шаҳрвандони Тоҷикистон умдатан дар ҳамлу нақли маводи мухаддир ва терроризм муттаҳам ва зиндонӣ шудаанд.

Зимни сӯҳбати телефонӣ як нафаре, ки худро Раҳматулло Туранов муаррифӣ кард, гуфт сокини ноҳияи Исфараи Тоҷикистон аст ва маҳкум ба ҳабси абад шудааст. Ба гуфтаи Раҳматулло, ӯро дар созмон додани қатли се нафар муттаҳам карданд, вале ӯ дар ин ҷиноят даст надорад.

Вазорати умури дохила ва Додситонии кули Қирғизистон баъди ҳафт соли ҳабси ӯ тасмим гирифтанд, ки парвандаи ӯро бозбинӣ кунанд, аммо маълум нест, ки масъалаи аз банд раҳо кардани ӯро Додгоҳи олии Қирғизистон кай ҳал мекунад.

Раҳматулло Туранов ҳамчунин тазаккур дод, ки дар маҳбасҳои Қирғизистон шумораи тоҷиконе низ кам нест, ки барои як умр дар зиндон ба сар хоҳанд бурд. Ӯ мегӯяд, «дар ин ҷо Музаффар ном ҷавон, аз ноҳияи Конибодом, ҳамчунин Равшан ном ҷавони тоҷикро дидам, ки ба ҳабси якумрӣ маҳкуманд. Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек аз қазияи мо хабардор нест».

Марс Қараболаев, як зиндонии қирғизтабор гуфт, ки Музаффар ном ҷавони тоҷик дар вилояти Ботканд мавриди боздошти кормандони интизомӣ қарор гирифтааст ва ҳоло ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

Ба гуфтаи Марс Қараболаев аз сӯҳбатҳои зиёд бо Музаффар маълум шуд, ки вай тоҷири муваффақе будааст, вале як гурӯҳи ҷиноӣ дар Ботканд ба изи ӯ афтодаанд. Ин зиндонӣ гуфт, ҷинояткорон баъди аз худ кардани сармояи Музаффар вайро дар куштори наврас муттаҳам кардаанд ва ба додгоҳ кашидаанд. Гуфта шуд, ки 12 сол боз Музаффари тоҷик дар маҳбас ба сар мебарад ва ҳатто пайвандонаш аз зинда ё мурда будани вай огаҳ нестанд.

Қирғизистон бо соири кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд дар бораи интиқоли шаҳрвандон боздоштшудагон созишнома имзо кардааст. Вале Тоҷикистон дар бораи интиқоли дутарафаи шаҳрвандон ҳанӯз ба тавофуқ нарасидаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Қирғизистон соли гузашта аз ин кишвар ба кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд 16 нафар истирдод шуданд. Аммо дар миёни онҳо ягон шаҳрванди Тоҷикистон набуд.

Дар зиндонҳои Қирғизистон тибқи омори расмӣ феълан 150 нафар шаҳрванди хориҷӣ ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG