Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти марде бо иттиҳоми куштори панҷ пиразан


Дар шаҳри Душанбе М.М. ном як шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон чун гумонбар ба силсилакушторҳои занони солманди танҳо боздошт шудааст.

Вазорати дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол 5 мавриди куштор таъйид шудааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, ба торнамои Озодӣ гуфт, марди боздоштшуда ба гуноҳҳои худ иқрор шудааст. Ҷаноби Асадуллоев гуфт, айни замон тафтишот идома дорад ва пас аз он парвандаи ҷиноии ӯ ба додгоҳ ирсол мешавад. Нафари боздоштшуда қаблан панҷ бор ҳукми зиндон гирифта будааст.

Бино бар маълумоти қаблӣ, фарди боздоштшуда дар ҳамин моҳи феврал аз роҳи фиреб ба хонаи як пиразани 74-сола дохил шудааст ва вайро дамгир кардааст. Сипас телевизори LG-и пиразанро бо худ бурдааст.

Дар охири соли гузашта ҳамчунин пас аз куштори як пиразани дигари 70-сола ду свитери занонаро аз хонааш бурдааст.

Дар рӯзи аввали сентябри соли гузашта бошад, ба иқрори ин мард, ӯ як пиразани 90-соларо кушта ва гӯшвору гарданбанди тиллоии ӯро рабудааст.

Дар тобистони соли гузашта як пиразани 78-сола аз ҷони худ ва ҳамчунин 800 сомонӣ маҳрум шуда будаасту, қабл аз ӯ пиразани дигари 83-сола низ телевизори Шивакӣ ва ҷонашро аз даст додааст.
XS
SM
MD
LG