Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони ҳомиладор суғурта мешаванд


Дар ноҳияи Фархор барои нахустин бор дар минтақаи Кӯлоб 150 нафар зани ҳомила шартномаи суғуртаи тиббӣ бастааст.

Эмом Рӯзиев, раиси суғуртаи ноҳияи мазкур, мегӯяд, агар зан бо идораи онҳо ба маблағи 5 сомонӣ шартнома бандад, дар сурати мушкил таваллуд кардан ва осеб дидан онҳо ба ин зан дар ҳаҷми 100 сомонӣ кӯмак хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми кӯмакпулии онҳо ҳангоми зарар дидани зан даҳ баробари пули шартномаи қаблан басташуда супурда мешавад. Дар сурати вафот кардани зан ба ҳангоми таваллуд идораи суғурта то се сол, ҳар моҳ ба миқдори 30 сомонӣ ба кӯдаки зиндамонда ширпулӣ хоҳад дод.

Ҷаноби Рузиев мегӯяд, кӯмаки онҳо дар сурате карда мешавад, ки зани маъюб барои онҳо аз тавалудхона гувоҳнома дар бораи осеб диданаш пешниҳод кунад.

Ҷамолбӣ Раҳимова, як сокини Фархор, мегӯяд, ҳеҷ зан намехоҳад ҳангоми таваллуд мушкиле дошта бошад, вале дар ин маврид замоне, ки кормандони идораи суғуртаи ноҳия онҳоро ба чунин кор даъват карданд, барои бастани шартнома розӣ шудаанд.

Вай афзуд, “мо шабу рӯз Худо мегӯем, ки хуб таваллуд кунем. Агар, ки худое накарда маъюб шавӣ на пули додаи онҳо фоидаат мекунад ва на чизи дигар. Онҳо ҳамроҳӣ момодояи маҳалла омада гуфтанд, ки барои эҳтиёт шуморо суғурта мекунем, розӣ шудем”.

Феълан барои аваллин бор аст, ки давоми чанд моҳи ахир дар як ноҳияи минтақаи Кӯлоб занҳои ҳомила суғурта мешаванд. Вале тибқи иттилои расмӣ, то кунун ягон нафар зани ҳомилаи суғурташуда ҳангоми таваллуд дар зоишгоҳ осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG