Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири президент оид ба кадрҳо барканор шуд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи тағйироти кадрии ҳукумат мушовири худ оид ба сиёсати кадрҳо Гурез Қосимовро аз вазифа барканор кардааст.

Бино ба иттилои саҳфаи интернетии раёсати ҷумҳурӣ, Гурез Қосимов вазифаи муовини сардори раёсати хизмати давлатии назди раёсатҷумҳурро бар ӯҳда хоҳад дошт. Бо фармони президент мудири шӯъбаи тадорукоти дастгоҳи президент Асрор Латипов низ аз вазифа озод шудааст.

Ҳамчунин дар як қатор ниҳодҳо ва ширкатҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Азҷумла Раҳматулло Каримов раиси Маркази идораи лоиҳаи барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ ва Зевар Давлатова раҳбари шабакаи телевизиони давлатии «Баҳористон» таъин шудаанд.

Дар асоси қарори ҳукумат чаҳор мутахассисони бахши энержӣ - Мӯъмин Тошматов, Абдулло Қурбонов, Суҳроб Раҳимов ва Сунатулло Қодиров муовинони раиси ширкати «Барқи Тоҷик» таъин гаштаанд.
XS
SM
MD
LG