Пайвандҳои дастрасӣ

Фотимаи Шамсиддин аз рӯи тахассус омӯзгор аст. Аммо ин пеша натавонист дили озурдаи кӯтоҳқадтарин муаллимаро ба зиндагӣ дилгарм кунад ва ӯ рӯ ба саҳна овард.

Фотима мегӯяд, маънии ҳаётро ӯ ба ҳангоми нақшофарӣ дар саҳнаи театр ва дар ҷамъи ҳамтақдиронаш дарёфтааст. Ба гуфтаи Фотима, ӯ тавассути саҳна низ кӯшиш мекунад атфолро тарбият кунад.

«Ба ман бештар бозидани нақшҳои манфӣ аз қабили танбалак, чиркинхӯҷа, аҷузакампир маъқул аст. Масалан, ба ҳангоме, ки ман нақши танбалакро бозӣ мекунам, бештар ба ҳаяҷон меоям, зеро эҳсос мекунам, ки дар ботини аксари кӯдакони тамошобин ҳамчунин хислат ҳаст. Ва ман барои онҳо мисли оина ҳастам, чун нишон медиҳам, ки ин хислати нохуб аст ва онҳо бояд барои ислоҳ кӯшиш кунанд.»

Баландии қади Фотима 1 метру 2 сантиметрро ташкил мекунад ва дар қиёс ба 4 ҳунарманди дигари театри Афсона, ки хурдтаринашон 80
«Онҳо ғами зиёд доранд ва барои онҳо ҳунарнамоӣ кардан барои ҷомеа бегона аст. Ҳангоми тамрин агар мабодо ба онҳо ҳарфи баланд гӯед, тамом, қаҳр мекунанд ва шах шуда мемонанд.
сантиметр қад дорад, қоматбаланд ҳисоб мешавад.

Дар ҳоле ки дар кишварҳои дигар театрҳои ҳунармандони кӯтоҳқад маъруфанду, тамошобинони худро доранд, Бекмуҳаммад Асомиддинов, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, ду соли пеш барои таъсиси ҳамчунин театр тасмим гирифт. Бекмуҳаммад Асомиддинов мегӯяд, аслан ҷалби афроди кӯтоҳқад ба саҳна кори хеле мушкил буд. Чун нигоҳи ботамасхури атрофиён, худбаҳодиии онҳоро паст карда, чунин нафаронро гӯшаниншин мекунад:

«Онҳо ғами зиёд доранд ва барои онҳо ҳунарнамоӣ кардан барои ҷомеа бегона аст. Ҳангоми тамрин агар мабодо ба онҳо ҳарфи баланд гӯед, тамом, қаҳр мекунанд ва шах шуда мемонанд. Боз чанд вақте лозим меояд, ки тоқат намоӣ, то ки ба худ ояд. Аслан кор бо чунин нафарон мушкил аст, вале барои ман хушоянд.»

Бекмуҳаммад Асомиддинов меафзояд, қаблан низ шунида буд, ки афроди кӯтоҳқад хеле нозуканд ва нисбат ба дигар ҳунармандон ҳамкорӣ бо онҳо хеле сахт аст. Аммо, вай мегӯяд, новобаста ба ҳамаи ин онҳо 20 намоишномаро якҷоя таҳия ва ба хурдсолон пешниҳод кардаанд.

Гуфта мешавад, ҳарчанд ин театр наздики ду сол аст, ки фаъолият мекунад, аммо то ҳол бинои махсуси худро барои тамрину намоиш надорад. Аз сӯи дигар, ҳунармандон, ки ҳамаашон аз музофоти мухталифи кишвар даъват шудаанд, дар як ҳуҷраи хурде дар маркази фарҳангии Ориёно ба сар мебаранд.

«Духтарони ҳунармандамон дар ҳамин корхона ҳам кор ва ҳам зиндагӣ мекунанд. Мо ба боғчаҳо бо мактуб муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш кардем, ки рахти хоб бидиҳанд. Хушбахтона, мудирони кӯдакистонҳо ба мо кӯмак карданд ва мо барои ин ҳунармандонамон рахти хоб пайдо кардем.»

Ҳунармандони театри «Афсона», ки аксаран ба таври сайёр саҳнаҳои худро намоиш медиҳанд, ба минтақаҳои мухталифи кишвар сафарҳои ҳунарӣ доштаанд. Ҳақмузди ҳунармандон низ вобаста ба фармоиш буда, моҳе аз 200 то 300 сомониро ташкил мекардааст. Бекмуҳаммад Асомиддинов аз ҷумла гуфт, «аслан, нафарони кӯтоҳқад, ки наметавонанд ба корҳои ҷисмонӣ машғул шаванд ва имкони пайдо кардани ҷои корро надоранд, аксаран дар хона бекор мешинанд. Фикр мекунам, беҳтар аст, ки мо чунин нафаронро, ки аз қисмат озурда ҳастанд, ба ҷомеа ворид кунем. Ҳоло мушкили аслии мо набуди бино барои ҳунарнамоист. Хуб мебуд, агар мувофиқи ҳамин ҳунармандон бинои хурдеро ба мо ҷудо мекарданд. Зеро чунин биноҳо зиёд аст, аммо то имрӯз ба мо танҳо ваъда медиҳанду халос.»

Фотима, ҳунарманди ин театр, мегӯяд, барои тамошобини хурдсол ҳунарнамоӣ кардан осон нест. Зеро онҳо дарки баланд доранд ва ҳунарнамоии соддаро намепазиранд. Фотима гуфт, ҳарчанд аз қабл волидайн барои ҳунарманд шудани вай розӣ набуданд, ӯ ҳоло хушбахт аст. Зеро бо ҳаёти ҳазорон одамон зистан, азият кашидан, мубориза бурдан ва дар ниҳоят дастболо шудан зиндагии якмароми онҳоро рангин кардааст. Ва Фотима имрӯз шод аз он аст, ки мухлисони худро дораду, то ҳадде миёни тамошобинони наврас шинохта аст.

«Интизори он ҳастем, ки ақаллан як сарпарасти савобҷӯ пайдо мешаваду, барои мо шароити беҳтари фаъолияту зиндагӣ пайдо мешавад.Чун ба ҳангоме, ки мо аз ин корхона мебароем, атрофиён ба мо бо як назари саволомез менигаранд, ки чӣ гуна мо дар як утоқи хурд ҳам кор мекунем ва ҳам зиндагӣ. Ва ҳар як ҳамчунин нигоҳ барои мо хеле нороҳаткунандаву аламовар аст.»
XS
SM
MD
LG