Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусофиркашонӣ бо тӯҳфаи Брежнев


Мошини сабукраве, ки 30 сол қабл аз ҷониби Брежнев, раисҷумҳури Шӯравии собиқ, ба як зани деҳотӣ дар ноҳияи Восеъ тӯҳфа шуда буд, то ҳанӯз дар хидмати мардум қарор дорад.

Сайсоро Қодирова, ронандаи сабукрави ВАЗ-21-и тӯҳфашуда, нахустин занест дар минтақаи Кӯлоб, ки ба мусофиркашонӣ шуғл варзидааст. Вай мегӯяд, пас аз хатми Донишкадаи кишоварзии пойтахт, ҳамчун мутахассиси ҷавон дар хоҷагии овозадор, бо номи Миралӣ Маҳмадалӣ, дар ноҳияи Восеъ, ба кор шурӯъ кардааст. Дар соли 1980 дар баробари чанд зани пешқадами Иттиҳоди Шӯравӣ дар соҳаи пахтакорӣ ба ӯ ҳам мошин тақдим шудааст. Хонум Сайсоро мегӯяд, ҳеҷ бовар надошт, ки бо барҳам хӯрдани Шӯравӣ хоҷагии деҳот касод шуда, ӯ касбашро дигар мекунад. Ва дар касби дигар, яъне мусофиркашонӣ низ то ҷое муваффақ мешавад.

“Аз субҳ то шом дар ҳамин роҳам. Тамоми ҳуҷҷатҳои вобаста ба мусофиркашониам дурустанд. Дар як рӯз ба ҷуз пули бензину
дигар харҷҳои роҳ 70 сомонӣ фоида мебинам. Мусофирон низ эҳтиром мекунанд.”


Дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ шояд нафаре нест, ки ин занро нашиносад ва ё боре аз хидмати мошини ӯ истифода накарда бошад. Баҳриддин, як сокини Кӯлоб мегӯяд, борҳо ба мошини ин зан нишастааст ва аз ахлоқу маданияти баланди ӯ баҳравар гаштааст.

“Ӯ дар роҳ мусофирро намегузорад зиқ шавад. Таҷрибаи бои зиндагӣ дорад ва қиссаҳои хеле низ ҷолиб медонад. Бо ҳама мисли як модар муносибат мекунад.”

Барои бархе занҳои дигар низ ронанда будани ӯ боиси хушнудӣ будааст. Хуршеда Назарова, як зан мегӯяд, ӯ бо занҳои дигар ҳангоми сафар ҳатман аз хизмати ӯ истифода мекунанд.

“Барои зани мусалмон паҳлӯи як марди ношинос нишастан он қадар хуб нест. Бо ҳамин хотир мо ҳамроҳӣ ҳамсояҳову хешу
табор ҳангоми ба ягон ҷо рафтан ин занро даъват мекунем.”


Хонум Сайсоро низ мегӯяд, дар қиболи мардҳои ронанда муштариёни ӯ зиёд аст. Ба гуфтаи ин хонум, ӯ субҳи содиқ пас аз хондани намози бомдод сари чанбари сабукрав менишинад ва то намози аср дар самти роҳи Кӯлоб Восеъ ба мусофиркашонӣ шуғл меварзад.
XS
SM
MD
LG