Пайвандҳои дастрасӣ

А.Бовйер: Аҳзоби Тоҷикистон нақши аслиро намебозанд


Антонӣ Бовйер, ҳамоҳангсози барномаҳои Бунёди байналмилалии низомҳои интихоботӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз

Антонӣ Бовйер, ҳамоҳангсози барномаҳои Бунёди байналмилалии низомҳои интихоботӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз

Антонӣ Бовйер, ҳамоҳангсози барномаҳои Бунёди байналмилалии низомҳои интихоботӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва муаллифи китоб доир ба аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ назари худро дар бораи интихоботи парлумонии Тоҷикистон иброз кард.

Нахустин суоли мо ба Антонӣ Бовйер ин буд, ки то куҷо аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар ҷомеа нуфуз доранд ва онҳо то чӣ ҳад аз мардум намояндагӣ мекунанд?

Антонӣ Бовйер: -Бардошти ман ин аст, ки суннатан дар Тоҷикистон аҳзоби сиёсӣ дар зиндагии мардум нақши аслиро иҷро намекарданд. Худи ҳизбҳо, албатта ба истиснои Ҳизби халқӣ-демократӣ, шинохта нашудаанд ва ё ҳамчунон ба ҳайси ниҳодҳои номаълуме боқӣ мемонанд. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистонро аслан бар асоси номи раҳбарашон ва чеҳраҳои харизматикии онҳо мешиносанд, на аз рӯзи сиёсатҳову платформаҳои сиёсиашон. Ва вазъ, ба эътиқоди ман вазъ, то имрӯз чунин аст. Ман ба ин андешаам, ки ошноӣ аз аҳзоб, бахусус аҳзоби соҳиби курсӣ дар парлумон, Ҳизби халқӣ-демократӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунист назар ба аҳзоби берун аз порлумон бештар шинохта шудаанд. Бо ин вуҷуд, ман бовар надорам, ки аз платформаҳои ин аҳзобро огаҳ бошанд.

-Аммо ин айби кист, ки аҳзобро намешиносанд, айби худи аҳзоби сиёсӣ ва ё гуноҳи ҳукумат, ки ба гуфтаи аҳзоби мухолиф намегузорад, то онҳо андешаву сиёсатҳои худро ба мардум бирасонанд?

Антонӣ Бовйер: -Ин айби ҳарду тараф аст. Аввал ин ин ки онгуна мо дар интихоботи гузашта шоҳид шудем, фазои сиёсие, ки аҳзоби мухолиф ва дигар аҳзоби бегона ба Ҳизби халқӣ-демократӣ комилан маҳдуд буд. Мо инро дар қазияи интихоботи миёндавраӣ барои курсиҳои Маҷлисҳои намояндагон дидем, намояндаи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон назар ба рақиби худ аз Ҳизби наҳзати исломӣ бартариҳои яқини тактикӣ дошт. Аз ҷумла, ҳизби ҳоким аз манобеи давлатӣ барои тарғиби хеш истифода мекард, ки возеҳ аст. Дар муқобил худи аҳзоби сиёсӣ ҳам дар маҷмӯъ платформаи возеҳи алтернативӣ надоранд, ки раъйдиҳандагонро ҷазб кунанд. То замоне, ки тарғиботи сиёсии аҳзоб ҳамчунон манфӣ боқӣ мемонад, мардум ба аҳзоби сиёсӣ таваҷҷӯҳ нахоҳанд кард. Айни замон мардум ҳам аз назари сиёсӣ фаъол нестанд, зеро онҳо даргири чизҳои оддӣ, аз ҷумла бекорӣ ва вазъи иқтисодӣ ҳастанд ва дар баъзе ҳолат барои зинда мондан талош мекунанд. То замоне, ки аҳзоб ба ин мушкилоти мардум расидагӣ накунанд, ба шарте ки ин корро битавонанд, ба эътиқоди ман, сиёсат дар зиндагии ҳаррӯзаи раъйдиҳандагон аҳамият нахоҳад дошт.

-Аммо шумо бовар доред, ки аҳзоби дигарандеши Тоҷикистон ин дафъа ба парлумон роҳ хоҳанд ёфт, манзури ман аҳзоби сиёсие нест, ки начандон пеш таъсис шуданд, ба мисли Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ. Масалан Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ошкор аз сиёсатҳои ҳукумат танқид мекунад ва то андозае дар миёни маҳфилҳои мухталиф шинохта шудааст.

Антонӣ Бовйер: -Ин имконпазир аст. Дигар аҳзоби мухолиф ҳам ба ғайр аз аҳзоби наве, ки шумо ишора кардед, имкон дорад. Аз ҷумла Ҳизби сотсиал-демократ, ки барои ба даст овардани курсӣ ба парлумон аз тариқи феҳрасти ҳизбӣ ба саҳна ворид мешавад. Албатта дар ин ҷо масъалаи имкон ва эҳтимол вуҷуд дорад. Ҳизби сотсиал-демократ дар баробари дигар аз аҳзоби дур аз Ҳизби халқӣ-демократӣ дар масъалаи маблағгузории корзори тарғиботии худ мушкил доранд. Ҳизби сотсиал-демократро дар миёни элитаҳои шаҳрӣ мешиносанд, агарчӣ ҷаноби Зойиров дар минтақаҳо ҳам маъракаи тарғиботӣ пеш мебурд. Ман пешгӯӣ намекунам, зеро пешгӯиҳо бисёр кам дуруст мебароянд. Бояд мунтазир шуд ва дид. Аммо имкон ҳаст, ба шарте ки таблиғоти аҳзоб бо шеваи мусбате идома кунад ва имконоте, ки мақомот барои таблиғот фароҳам мекунанд, баробар бошад.

-Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як нишасти аҳзоби сиёсӣ чанде пеш дар охири соли равон ваъда дод, ки интихоботи шаффофу одилона баргузор хоҳад карда ва таҳдид намуд, ки ҳар мақоми расмиеро, ки ба умури интихобот дахолат мекунад, ҷазо хоҳад дод. Шумо дар Тоҷикистон будед ва авзоъро ҳам медонед. Ба андешаи шумо то куҷо ин ваъдаи раисиҷумҳур дар сатҳҳои поёнии мақомот иҷро мекунанд?

Антонӣ Бовйер: -Албатта иродаи сиёсӣ барои баргузории интихоботи шаффофу одилона бояд дар сатҳҳои олии ҳукумат таъкид шавад ва он бояд дар сатҳҳои поёнӣ аз тариқи кумиссиёни интихоботӣ иҷро гардад. Албатта ин ваъдаи ҳар раҳбар ва соҳибмақоми шинохта эъломи мусбат аст, вале он ваъдаро бояд дар тамоми сатҳҳо дар кумиссиёни интихоботӣ ва мақомоти маҳаллӣ иҷро шавад.

-Экономист Интелиҷенс Юнит дар таҳлили худ доир ба Тоҷикистон гуфтааст, ки интихоботи ояндаи парлумонӣ на шаффоф ва на одилона хоҳад буд. Шумо ба ин гуфта мувофиқ ҳастед?

Антонӣ Бовйер: -На ман аз чунин тахминзанӣ парҳез мекунам, зеро ба андешаи ман, чунин пешбинӣ кардан беэҳтиётӣ аст. Ба андешаи ман, мо бояд мунтазир бошем ва бубинем. Панҷ сол баъд аз интихоботи гузаштаи Маҷлиси намояндагон чизи зиёде тағйир ёфт. Ва мо медонем, ки аҳзоби сиёсӣ интизор доранд, ки дар порлумон курсӣ ба даст меоранд, агарӣ баъзеашон ба шанси худ шубҳа доранд. Аммо ба андешаи ман, мо бояд мунтазир бошем ва бубинем.
XS
SM
MD
LG