Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати кишоварзӣ "Миллат"-ро ба додгоҳ мекашад


Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар робита ба як матлаби ҳафтаномаи «Миллат» ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикоят бурда, пардохти 1 миллион сомонӣ товонро тақозо кардааст.

Вазорати кишоварзӣ мақолаеро, ки ахиран дар саҳифаи «Миллат» таҳти унвони «Вазорати кишоварзӣ фасодзадатарин ниҳод» нашр шудааст, беасос номида, ба сурати умум ин матлабро тӯҳмат дар ҳаққи ин вазорат хондааст.

Ин вазорат аз додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе тақозо кардааст, ки аз ҳафтаномаи «Миллат» барои тавҳин ҳудуди 1 миллион сомонӣ ҷарима ситонад.

Вале Зоир Давлат, сармуҳаррири нашрияи «Миллат», дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, то ба ҳол аз додгоҳ ягон номаи расмӣ ба ин ҳафтанома нарасидааст. Вай афзуд, дар шумораи ахири «Миллат» хабари кӯтоҳе дар мавзӯи фасодзадагии Вазорати кишоварзӣ бо такя ба иттилои масъулин пахш шуда буд.

Ҷаноби Давлат гуфт, «мо сабти манбаи ин хабари пахшшударо ҳам дорем ва метавонем онро пешниҳод кунем. Дар сурати гирифтани номаи додгоҳ мо ҳамчун як расонаи иттилоотӣ даъвои худро пеш хоҳем гузошт.»

Шикояти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон аз ҳафтаномаи «Миллат» дар ҳолест, ки мурофиаи додгоҳии ҳафтаномаи дигари кишвар - “Пайкон” бо мушкили ҳамсон дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт идома дорад.

Ин додгоҳ ҳафтаномаи мустақили “Пайкон”-ро бо ҷурми нашри як матлаби интиқодӣ алайҳи идораи “Тоҷикстандарт” ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Гурӯҳҳои маҳаллии дифоъ аз хабарнигорон ба чунин маблағи ҳангуфт ҷарима баста шудани ин нашрияи мустақилро муҷозоти беш аз ҳадд сангин ва собиқаи баде барои боқии расонаҳо мехонанд.
XS
SM
MD
LG