Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз чанд акси Муҳаммадраҳими Сайдар ба дасти мо расид ва хотираҳои дардолуди моро зинда кард. Ин ҳам дар ҳоле ки рӯзе нест, мо ӯро ёд накунем ва ҳанӯз ҳам номаҳое аз хонандагону шунавандагон меоянду меоянд.

Ин номаҳоро дар думболаи матолиби бахшида ба Сайдар мехонед, аммо рӯи мизи мо дар Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ паҳлуи акси Муҳаммадраҳим ва гулдастаҳои зиёд китобчае ҳаст, ки ҳамкорон ба он ҳарфи дилашонро менависанд. Имзоҳо хонову фаҳмо нестанд, вале ин муҳим нест, муҳим вожаҳоест, ки дар ин китобча навишта мешаванд. Дарду ҳузн шеъру байт ба дунё меоранд, аз худ ё аз дигарон:

"Мард намирад ба ном, марг аз ӯ ном ҷуст,
Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷо..."
* * *
"Илоҳо, рӯҳу равонат шод ва манзили охиратат обод бод, ҳамкори азизу арҷманд, акои Муҳаммадраҳим..."
* * *
"Марде, ки дар ин дунё ҳеҷ наосуд, гӯё рӯзи хуше ҳам надид. Худованд охирататро обод ва гӯратро пурнур бигардонад..."
* * *
"Ин дунё сарбасар сӯзишгоҳ! Ҳамдардии ҳамватанро қабул кунед..."
* * *
"Саъдиё, марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд..."
* * *
"Хуфтагони хокро ёди рафиқон доғ кард,
Дӯстон аз ҳамдигар беҳуда ранҷидан чаро?"
* * *
Аксҳои навро ин ҷо нашр мекунем ва боз ба ёд меорем, ки Муҳаммадраҳим хеле зудтар ва хеле бештар аз дигарон ба як гузоришгари чандрасонаӣ табдил ёфта буд ва агар ҳамзамон сухану садоро ба навор забт мекарду ному арқоми муҳимро дар дафтарчааш менавишт, акс ҳам мегирифт ва чанд акси охирро ӯ бардоштааст.

Мусоҳибаи мушкил бо намояндагони ҳизби Жириновский
Дар рӯзи 1-уми май, соли 2009
Пас аз фиристодани гузориш
Нависандаи тоҷики Русия, Темур Зулфиқоров
Донишманди тоҷики муқими Маскав, Боғшоҳи Лашкарбек
Журанлистони тоҷик (аз чап) Темури Варқӣ ва Додоҷони Атовуллоҳ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG