Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Масъуди сипаҳсолор” соҳиби ҷоиза шуд


Романи “Масъуди сипаҳсолор” –и нависанда Саид Раҳмон дар як озмуни беҳтарин асари наср дар вилояти Хатлон соҳиби ҷоизаи ба номи Носири Хусрав гашт.

Ин ҷоиза, ки 5 ҳазор сомонӣ қиммат доштааст, ба муаллифи роман тақдим гардид. Саид Раҳмон, муаллифи “Масъуди сипаҳсолор” мегӯяд, арҷгузорӣ ба асари ӯ заҳматҳои тӯлонӣ ва шабҳои бехобияашро тавҷеҳ кард. Ӯ гуфт, қаҳрамони асараш ба ситоиш ниёз надошт, зеро набардҳои Масъуд дар роҳи истиқлолхоҳӣ ва дифоъ аз марзу буми меҳан номашро ҷовидонӣ кардаанд.

Соли гузашта ҳукумати вилояти Хатлон барои беҳтарин асари назм ҷоизаи ба номи Шамсиддини Шоҳин ва барои беҳтарин асари наср ҷоизаи ба номи Носири Хусрав таъсис дода буд.

Дар ин озмун адибони вилоят беш аз 15 асари ҷолиб пешниҳод карданд. Аммо ҷоизаи аввалро “Масъуди сипаҳсолор” гирифт.

Нависандаи Тоҷик Раҳматалии Назрӣ мегӯяд, воқеан романи "Масъуди сипаҳсолор" арзиши ҷоизаро дорад. Зерo меафзояд ӯ, асарҳои чун "Масъуди Сипаҳсолор" эҳсози инсондӯстиву ватанпарвариро дар инсонҳо бештар мекунанд.

Саид Раҳмон, муаллифи асари ғолиб гуфт, ӯ барои таълифи романи мазкур борҳо ба Афғонистон сафар кардааст, бо ҳамразмони Аҳмадшоҳи Масъуд -- қаҳрамони аслии романи худ сӯҳбат кардааст. Ҳамакнун нависанда тасмим дорад, то ин романро бо ҳуруфи форсӣ баргардон ва бо русӣ низ тарҷума намояд.

Романи “Масъуди сипаҳсолор” дар охири соли 2008 бо теъдоди 1 ҳазор нусха нашр шуд. Дар он корномаҳои қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд, ки дар Тоҷикистон низ ҷонибдори зиёд дорад, таҷассум ёфтааст. Гуфта мешавад, “Масъуди сипаҳсолор” нахустин романест, ки ба рӯзгори Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон бахшида мешавад.

Дар интишори романи мазкур ҳукумати вилояти Хатлон ва яке аз дӯстони Аҳмадшоҳи Масъуд, собиқ вазири амнияти кишвар -- Саидамир Зуҳуров саҳмгузор будаанд.
XS
SM
MD
LG