Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш медали риёзидонҳои тоҷик дар озмуни Алмаато


Риёзидонҳои навраси тоҷик аз озмуни байналмилалии илмҳои дақиқ, ки дар Алмаато баргузор шуд, бо як нишони тило, як нуқра ва чаҳор нишони биринҷӣ баргаштанд.

Дар ин озмун намояндагони 16 кишвар, асосан ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ бар иловаи Руминия, Булғористон, Индонезия ва Муғулистон иштирок карданд. Дар олимпиада 29 хонандаи мактабҳои хусусиву давлатии Тоҷикистон рақобат карданд.

Яке аз камтарин нишонҳои тилоро аз озмуни бонуфузи илмҳои дақиқ Беҳрӯз Афзалӣ, хонандаи синфи 11-и гимназияи тоҷикӣ-русӣ ба Тоҷикистон овард. Беҳрӯз дар шашумин олимпиадаи математика ва физика миёни мактабачагон аз илми фанновариҳои ҷадид ба дарёфти мақоми аввал сарфароз шудааст.

Дар сӯҳбат бо “Ояндасоз” ин технологи ҷавон гуфт, дар озмунҳои зиёди ҷаҳонӣ ширкат кардааст, аммо иштирок дар ин сабқат, ки ҳама хонандагон аз беҳтарин мактабҳои кишварҳои мисли Русия, Қазоқистон ва Руминия ҷамъ омада буданд, барояш душвор будааст.
Беҳрӯз мегӯяд, “фикр мекардам, ки медали нуқраро ба даст меорам, вале сазовори нишони тило шудам.”

Воқеан дар шароите, ки вазъи таълими фанҳои дақиқу фанновариҳои ҷадид дар макотиби Тоҷикистон, ки аз камбуди омӯзгорони хуби ин соҳа ва норасоии фанновариҳои муосир мушкилӣ мекашанд, пирӯзии Беҳрӯз барои аксарият ғайриинтизор будааст.

Абдулфаттоҳ Ҳотамов, раҳбари интернат-гимназияи тоҷики-русӣ, ки фаъолияташ сирф ба таълими улуми дақиқ ва технологияҳои муосир равона шудааст, мегӯяд, як ҳадафи аслии ин озмун ҳам ҷалби таваҷҷуӯҳи хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва кашфу дастгирии толибилмон мебошад.

Вай меафзояд, “ҳар қадар, ки дониши мактаббачаҳо аз фанҳои дақиқ зиёд ва хуб бошад, ҳамон қадар метавонад кафолати пешравии иқтисодии давлат гардад ва ба ҳамин хотир миёни хонандагони кишварҳои мухталиф чунин рақобатҳо доир мешавад.”

Ва аммо мегӯяд Абдуфаттоҳ Ҳотамов, дар шароите, ки як роҳи аслии пешрафти иқтисодиёти кишварҳо аз сатҳи огоҳии ҷавонон дар соҳаи улуми дақиқ вобастааст, сифати омӯзиши ин фанҳо дар Тоҷикистон дар сатҳи паст қарор дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар чандин суханрониҳояш ба ин масъала таваҷҷӯҳ ва аз шеваи таълими ин фанҳо изҳори норозигӣ карда буд.

Абдулфаттоҳ Ҳотамов мегӯяд, як роҳи хуби боло бурдани дониши ҷавонон аз фанҳои математика, физика ва фанновариҳои муосир қабл аз ҳама дар ҷалби омӯзгорону мутахассисони хуби ин соҳа ба мактабҳост.

Олимҷони Пираҳмад, хонандаи дигаре аз интернат-гимназияи тоҷикиву русии улуми дақиқ, ки низ ахиран аз озмуни байналмилалӣ дар Алмаато бо медали нуқра ба кишвар баргашт, мегӯяд, барои дастёбӣ ба муваффақиятҳо дар чунин сабқатҳои ҷаҳонӣ ва боло бурдани дониши хонандагон бояд соатҳои омӯзиши фанҳои дақиқ дар макотиби миёна бештар шавад.

Олимҷон меафзояд, “ман, ки худ ин фанҳоро мехонам, фикр мекунам, ки дар омӯзиши дигар фанҳо мушкилӣ намекашам. Барои ҳамин фанҳои дақиқро бояд бештар омӯхт ва дигар ҳама фанҳо барои хонанда осон мешавад”.

Вале бо ин ҳама барои расидан ба комёбиҳои бештар дар сабқатҳои ҷаҳонӣ Олимҷон ва Беҳрӯз баробари расидан ба кишвар ба озмуни навбатии байналмилалӣ омодагӣ мегиранд.

Ба гуфтаи коршиносони соҳаи маориф, ширкат дар чунин озмунҳо ва рақобат бо хонандагони кишварҳои пешрафта метавонад то ҳадде дар боло бурдани сатҳи дониши наврасони тоҷик ва ҷалби онҳо ба ин соҳа муосидат кунад. Аммо барои расидан ба ин ҳадаф ва роҳ ёфтан ба озмунҳои ҷаҳонӣ бояд онҳо дастгирӣ ва сармоягузорӣ шаванд.
XS
SM
MD
LG