Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо дар маркази Кобул


Мусаллаҳоне, ки эҳтимол меравад, ба гурӯҳи Толибон мансубанд, чандин бинои ҳукуматиро дар Кобул ҳадафи ҳамла қарор додаанд. Феълан ҷангҳо дар наздикии бинои Бонки Марказии Афғонистон идома доранд.

Дар Кобул задухӯрд миёни мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” ва нерӯҳои ҳукуматӣ идома дорад. Субҳи имрӯз толибон ба чанд бино дар пойтахти Афғонистон ҳамла карданд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар маркази Кобул чанд инфиҷор рух дод ва дар баъзе маҳаллаҳо дуди сиёҳ ба фалак мепечад. Теъдоди қурбониён то ҳол маълум нест, мақомоти расмӣ дар бораи ҷароҳат бардоштани чанд нафар хабар доданд, ҳайати фармондеҳии НАТО бошад изҳор намуд, ки дасти кам чаҳор тан аз ҳамлагарон кушта шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ба Кобул тақрибан 20 тан аз мусаллаҳони толиб ҳамла кардаанд, ки миёни онҳо маргталабҳо низ ҳастанд. Намояндаи “Толибон”, ки масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифтааст, ахиран эълом дошт, онҳо биноҳои ҳукуматии Афғонистонро ҳадафи ҳамла қарор додаанд.

Имрӯз дар Кобул бояд маросими савганди ҳукумати нав баргузор шавад.

Taliban Attack Central Kabul
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00
XS
SM
MD
LG