Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Милали Муттаҳид бо пахши изҳороте ҳалокати раиси намояндагии ин созмон дар Ҳаитиро таъйид кардааст. Ҷасади Хедӣ Аннабӣ - раиси дафтар ва ду корманди дигари СММ ахиран аз зери овори бинои тахрибшудаи созмон берун оварда шудаанд.

Дар ин изҳорот Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, дар робита ба марги намояндагони созмон изҳори ҳамдардӣ кардааст ва гуфтааст, онҳо ҷони худро фидои сулҳу оромӣ карданд.

Заминларзаи мудҳиш дар Ҳаитӣ, кишвари воқеъ дар ҳавзаи Кариб, рӯзи сешанбе ба вуқӯъ пайваста буд. Ҳадс зада мешавад, ки бар асари заминларза дасти кам 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар пайи зилзилаи Ҳаитӣ то имрӯз 40 нафар кормандони дафтари СММ дар ин кишвар ҳалок ва беш аз 300 нафари дигар беному нишон шудаанд.

СММ заминларзаи Ҳаитиро аз лиҳози мушкилоти расонидани кӯмак ба осебдидагон ваҳимтарин фоҷеа номидааст, ки ин созмон то ба ҳол бо он рӯбарӯ шудааст.

Бар асари заминларза роҳҳои мошингард тахриб шуда ва вуруди киштиҳо ба бандари аслии ин кишвар тақрибан ғайримумкин шудааст. Ҳавопаймоҳои ҳомили кӯмакҳо маҷбуранд, ки то холӣ шудани майдони парвоз муддати тулонӣ дар ҳаво чарх зананд.

Дар кӯчаҳои Порт-о-Пренс - пойтахти Ҳаитӣ ҷасадҳои зиёди қурбониёни заминларзаи мудҳиш ҷамъ оварда шудаанд ва онҳое, ки аз ин офати табиӣ ҷон ба саломат бурдаанд, шаби чаҳорумро ҳам дар хиёбонҳо рӯз кардаанд.

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, дар бораи оғози бузургтарин амалиёти наҷотбахшӣ дар таърихи муосир хабар додааст, ки гуфта мешавад дар марҳалаи аввали он барои кумак ба мардуми Ҳаитӣ 100 миллион доллар ҷудо карда шудааст.

Созмони Милали Муттаҳид аз кишварҳои ёрирасон дархост кардааст, то бо ироаи 562 миллион доллар ба мардуми офатзадаи Ҳаитӣ дасти кӯмак дароз кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG