Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори ғайриоддии ду инсони ғайриоддӣ


Барои нахустин бор дар таърихи башарият қадбаландтарин одам дар рӯи Замин бо қадпасттарин инсони олам (фарзияи Китоби рекордҳои Гиннес) бо ҳам вохӯрданд.

Хе Пинпин, як муғул аз Чин, ки ҳамагӣ 74 сантиметр қад дорад, ба Туркия рафтааст, то бо дасти худ ангушти Султон Косенро фишорад. Султон, ки 2 метр ва 47 сантиметр қад дорад, фикр мекард, ӯ одат кардааст, то дигаронро кӯтоҳтар аз худ бинад, аммо чун Пинпинро дидааст, лаби таҳайюр газидааст. Қади Султон танҳо пас аз мудохилаи ҷарроҳон дар соли 2008 аз растиш бозмондааст.

Танҳо мушкиле, ки дар дидори ду инсони ғайриоддӣ вуҷуд доштааст, сӯҳбат будааст – фарқи баланд дар қад ба сӯҳбати роҳат халал расонидааст. Аммо онҳое, ки дар ин мулоқот иштирок доштаанд,м егӯянд, аз лаҳазоте чун аз ангушти Султон доштани Хе хеле мутаассир гаштаанд.

Дидори таҳамтани турк бо кӯтоҳқади чиноӣ дар чаҳорчӯби ҷашнворае сурат мегирад, ки ҳар як нафар метавонад даъвои шикастани рекорде аз рекордҳои Гиннесро кунад.

Султони турк гуфтааст, умедвор аст, ки маъруфият ба ӯ ҳамакнун дар ҷустҷуҷӯи арӯс ёрӣ мерасонад, чун то имрӯз духтарон аз ӯ меҳаросидаанд ва бо дасти дӯстии ӯро намепазируфтаанд.
XS
SM
MD
LG