Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши нави ҳалли масоили оби Осиёи Марказӣ


Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Чимканд масоили об ва баҳрабардории онро баррасӣ мекунанд. Ин иҷлоси 54-уми Комиссиюни байнидавлатии ҳамоҳангсози баҳрабардорӣ аз захоири оби минтақа аст.

Тавре яке аз ширкаткунандагони ҷаласа Идрис Мадяров, муовини раиси идораи хоҷагии оби вилояти Қазоқистони ҷанубӣ, дар сӯҳбати телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин иҷлос чанд масъала аз ҷумла, вазъи муҳити зист дар ҳавзаҳои рӯдҳои Ому ва Сир ва натиҷаи обёрӣ дар соли 2009 мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт, вале масъалаи асосӣ дар ҷаласа тақсими оби рӯди Сир дар соли 2010 байни кишварҳои минтақа аст.

Ба андешаи аҳли назар, дар ин ҷаласаи навбатӣ низ комиссиюн гумон аст, ки кори ҷиддиеро дар масъалаи баҳрабардории об ва захоири энергетикӣ анҷом диҳад ...
Ҳамчунин ширкатдорони нишаст меъёри истифодаи обро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ тасдиқ хоҳанд кард. Интизор меравад дар иҷлос атрофи масъалаи дар кишварҳои хеш ба тавофуқ расонидани тарҳи Тавофуқномаи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар бораи баҳрабардории обу захоири энергетикии рӯди Сир, ки бо ёрии фаннии Бонки рушди Осиё таҳия гардидааст, баҳс хоҳанд бикунанд.

Вале дар ҳамин ҳол, ба андешаи аҳли назар, аз ҷумла сиёсатшиноси шинохтаи қазоқ Досим Сатпаев, дар ин ҷаласа низ ин комиссиюн гумон аст, ки кори ҷиддиеро дар масъалаи баҳрабардории об ва захоири энергетикӣ анҷом диҳад.

Зеро, тавре сиёсатшинос мегӯяд, «ихтилофи назар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин масъала басо ҷиддист ва ин бештар байни Ӯзбакистону Тоҷикистон ва Ӯзбакистону Қирғизистон ба мушоҳида мерасад. Ва алъон ҷонибҳо сӯи ҳалли ин ихтилофи назар кори мушахассеро анҷом надодаанд . Аз ин нигоҳ, ба назарам, ин комиссиюн баъид аст, ки тадобири судбахши коромаде қабул намояд».

Оқои Сатпаев меафзояд, ки ин кишварҳо чанд сол қабл талош карданд, ки корсорсиуми обу барқ ташкил намоянд, вале ин пешниҳод низ иҷро нашуд. Зеро кишварҳои минтақа, мегӯяд сиёсатшинос, дар стротежии обу барқ назарҳои гуногун доранд, агар об барои Ӯзбакистон чун василаи обёрии заминҳои кишт бошад, он барои Тоҷикистону Қирғизистон чун мол маҳсуб мегардад, ки онро метавон ва бояд фурӯхт.

Ҳамчунин обро дар ин ҷо чун захираи муҳиме барои ба маркази тавлиди нерӯи барқ табдил додани ин кишварҳо медонанд. Аз ин хотир дар Тоҷикистону Қирғизистон нерӯгоҳҳои барқи обӣ сохта истодаанд, ки ба ин Ӯзбакистон ба таври манфӣ бархурд мекунад.

Чунин мушкилоти мавҷуда боиси ин гардидааст, ҷаласаи комиссиюн, ки бояд соле чаҳор дафъа бургузор мегардид, баъди иҷлоси Душанбе дар моҳи июни соли 2009 дигар дар Тошканду Алмаато доир нашуд ва бисёр масоили ҳалношуда аз соли гузашта ба ин иҷлос боқӣ монд.

Нишасти навбатии 54- уми Комиссиюни байнидавлатии ҳамоҳангсози баҳрабардорӣ аз захоири оби минтақа, ки дар он намояндагони расмии Тоҷикистон бо сарварии Саид Ёқубзод, вазири обёрӣ ва захираҳои об, низ ширкат доранд, ҷумъаи 15 январ кори хешро анҷом хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG