Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фазои интихоботи президентӣ дар Украина


17-уми январ дар Украина интихоботи раисиҷумҳури ин кишвар баргузор мешавад, ки аввалин интихоби сарвари кишвар дар давраи баъд аз инқилоби норанҷии соли 2004 ба шумор меравад.

Се номзади калидӣ дар корзори интихоботӣ бо ҳам сабқат мекунанд. Инҳо -- раиси ҷумҳури феълӣ Виктор Юшенко, нахуствазир Юлия Тимошенко ва номзади русгаро Виктор Янукович.
Ин интихобот ҳам ба мисли интихоботҳои қаблист, ҳеҷ чизро дар кишвар дигар намекунад...

Барои аксари украиниҳо овоздиҳии рӯзи 17-уми январ ба назарпурсие монанд аст, ки дар он майли кишвар ба сӯи Ғарб ва ё пойбандии он ба Русия мушаххас мешавад.

Дар остонаи интихобот радиои Озодӣ бо шаҳрвандони ин кишвар сӯҳбат кард ва ҳолу ҳаворо аз онҳо пурсид.

Корманди иттиҳоди касабаи Украин, ки худро Александр муаррифӣ кард, барои худ мушаххас кардааст, ки кадом номзад бо кист: "Тафовут вуҷуд дорад. Юлия Тимошенко номзади Ғарб аст ва дар муқобил Янукович аз Русия пуштибонӣ мекунад."

Муаллимаи яке аз мактабҳои Украина, Людмила интихоботи рӯзи 17-уми январро барои кишвараш хеле муҳим мешуморад: "Ба назари ман ин интихобот барои мардум хеле пураҳамият аст. Он барои таърихи кишвари мо нуқтаи гардиш хоҳад буд. Ба назари ман шубҳае нест, ки Юлия пирӯз мешавад. Зеро ҳар касе ки кор мекунад, на танҳо бар худ меандешад, балки ғами дигаронро ҳам мехӯрад, ҳатман дастболо хоҳад шуд."
Ба назари ман, Украина пайроҳаи худ, ояндаи худро интихоб мекунад...


Аммо Айрина, як ходими меҳмонхона дар Украина ба натоиҷи интихобот хушбин нест ва мегӯяд, ҳама чиз аз пеш ҳаллу фасл шудааст: "Ин интихобот ҳам ба мисли интихоботҳои қаблист, ҳеҷ чизро дар кишвар дигар намекунад. Номзади пирӯз дар интихобот аз ҳоло маълум аст. Интихобот Шарқу Ғарбро ба ҳам намеорад. Дар ниҳояти амр тасмимро ҳукуматдорон гирифтаанд, на мардум."

Вадим, намояндаи соҳаи тиҷорат аз наздикии кишвараш бо Аврупо пуштибонӣ мекунад, аммо бовар надорад, ки ин марҳила расида бошад: "Интихобот ҳеҷ номзаде надорад, ки Укранинаро ба Аврпуо наздик кунад. Баръакс, ин ҷо номзадҳое ҳастанд, ки Украинаро ба суи Русия мекашанд. Бо ин ҳол мо дар нимароҳ мондаем."

Ва Володимир, шаҳрванди дигари Украин, ки дар сохтмон кор мекунад дар арзёбии аҳамияти интихоботи рӯзи 17-уми январ ин гуна назар дорад: "Ба назари ман, Украина пайроҳаи худро интихоб мекунад, ояндаи худро интихоб мекунад."

Ukrainians To Choose Between East And West
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00
XS
SM
MD
LG