Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синфи миёна. Зери тахтасанги фишор. (Бахши 2)


Афроди зиёд дар паҳное аз Балкан гирифта, то Русия ва Афғонистон аз рӯи даромад ё сатҳи таҳсил худро ба синфи миёнаи ҷомеа мансуб медонанд. Аммо ҳамчун нерӯи тағйирдиҳандаи ҷомеа ин қишр дар ҳоли ташаккул ва заъиф боқӣ мемонад. Чаро?

Дар бахши аввали силсила нишонаҳои синфи миёна ва таъсири он дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Cинфи миёна дар Ғарб таърихан як нерӯи тавоное будааст, ки ширкати васеътари мардум дар идораи давлатро талаб кардааст. Аммо косибон ва соҳибкорони хурди Авруосиё ҳанӯз ба чунин нерӯ табдил наёфтаанд. Онҳо ҳатто натавонистаанд, сари мақсадҳои муштарак муттаҳид шаванд. Сабабҳо зиёданд.

САБАБҲОИ СУКУТ

Яке аз онҳо дилмондагӣ ва дурӯягист, ки аз таҷрибаи тӯлонии зиндагии эҳтиёткорона ба вуҷуд омадаанд. Дар кишварҳои Иттиҳоди шӯравии собиқ эҳтиёҷи иқтисодӣ бисёр афроди дорои ормонҳои баландро маҷбур мекард, ба хотири ризқу рӯзӣ ба ин ормонҳои хеш хиёнат кунанд. Аммо агар дар гузашта тарс сабаб мешуда бошад, ҳоло бештар эҳтиёҷ онҳоро ба фасод мекашонад.

Бисёре аз пизишкон ва омӯзгорон ҳарчанд аз фасодзадагии ҳукумат шикоят мекунанд, худ низ маҷбуранд, ба хотири рӯзгор ҳадия ва ришваро бипазиранд.

Валерий Урсуи молдовӣ, ки пизишк буд, аз бемористон рафт ва даст ба тиҷорат зад: "Маоши кам мушкили зиёд меорад. Фасоду ришва дар соҳи тиб танҳо ними масъала аст. Баъзан ин сипоси ҳақиқӣ ба пизишкон барои табобат аст. Бадбахтона, ин ҳам ҳаст, ки беморро маҷбур мекунанд, пул диҳад. Ин шармандагии бузург ва мушкили бузург аст."

Дар натиҷа, бештари афроди соҳибихтисос Модоваро тарк кардаанд ва чунин раванд ба аксари кишварҳои шӯравии собиқ хос аст.

Фасодолудагӣ имкон надод, ки синфи миёна дар Молдова барои ташаббусҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ муттаҳид ва шоистаи эътимоди мардум гардад. Вақте ки фасод ҳама ҷоро фаро гирифтааст, дарёфти бовари мардум хеле сахт аст. Ба ин сабаб ташаббускорон наметавонанд, ба сармоягузории мардумии талошҳои худ даст ёбанд. Аммо мушкил амиқтар аст.

УМҚИ МУШКИЛОТ

Дар бархе аз кишварҳои Шӯравии собиқ синфи миёна шояд ҳаргиз ба вуҷуд наояд, зеро он таҳти фишори шадиди элитаҳои ҳоким қарор дорад ва ё бо ҳамкори наздики ин доираҳо мебошад. Фишор дар ҳадди олияш -- ташкили парвандаи ҷиноӣ ва ҳабси дарозмуддат аст, аммо дар ҳадди рӯзмарра молиётест, ки соҳибкории хурдро ҳадаф қарор медиҳад.

Ин молиёт ба андозае баланд аст, ки намегузорад, бизнеси хурд густариш ёбад ва даромаде ба даст орад, ки барои сармоягузорӣ ба ҷумбишҳои мардумӣ кофӣ бошад.

Боз ҳам ришва аз молиёти бузург наҷот медиҳад. Бархе муҳосабаи дугона доранд. Яке барои давлат ва дигаре барои худ. Аммо роҳи осонтар барои ин соҳибкорон дар чунин ҳолат наздикӣ бо элитаи ҳоким аст. Бархе фикр мекунанд, ки агар ба ҳеҷ амале шарик нашаванд ва ба чашми ҳокимон наафтанд, наҷот меёбанд. Аммо ин як худфиребист, зеро дер ё зуд фишори элита ба онҳо низ хоҳад расид.

Чунин намунаҳо дар Арманистон, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Тоҷикистон борҳо ба назар расидаанд. Барои бисёриҳо тааҷҷубовар буд, ки фаъолияти молӣ ва иқтисодии шабакаи фурӯшгоҳҳои "Орима" дар Тоҷикистон аз тарафи хадамоти амнияти миллии ин кишвар таҳқиқ шуд ва сарвари он барои муддати дароз зиндонӣ гашт.

ТОРУ ПУДИ СИНФИ МИЁНА

Дар натиҷа як гурӯҳи шабеҳ ба синфи миёна ташаккул меёбад, ки комилан дар итоати низом аст. Бо вуҷуди ин ҳукуматҳои Авруосиё аз камтарин аломатҳои истиқлолияти намояндагони синфи миёна ба ташвиш меоянд.

Озарбойҷон, барои намуна, солона барои ниҳодҳои интизомияш аз хадамоти иҷтимоӣ дида ду баробар бештар сармоя ба харҷ медиҳад. Имсол моҳонаи кормандони ҳифзи қонун 4 дарсад боло рафт, вале музди муаллимон 5 дарсад поён.

Орзу Ҳусейнова, муаллимаи забону адабиёт дар Боку мегӯяд: "Чунин тақсимоти пули миллат беадолатист. Муаллимон дар Оазрбойҷон на зиндагӣ, балки рӯзгузаронӣ мекунанд. Пули ман ба рӯзгорам намерасад, вале пули милисаҳо ҳар сол боло меравад ва онҳо аллакай сарватманд ҳастанд."

Вақте ҳукуматҳо намегузоранд, ки синфи миёна ба нерӯи пешбаранда табдил ёбад, парчам ба дасти дигарон меафтад. Имрӯз дар Озарбойҷон исломгароҳо бо истифода аз нуфузи дин ба раҳбарони мухолифати сиёсӣ табдил ёфтаанд.

Айни ҳол дар арафаи инқилоби исломии соли 1979-и Эрон ба вуқӯъ пайваста буд. Муваффақияти инқилоб қисман аз иттиҳоди тоҷирон ва исломгароён маншаъ гирифт. Имрӯз, зоҳиран қишри миёнаи технократ ба хиёбонҳои эътироз баромадааст.

МИЁНАҲО ВА ХУШУНАТ

Козими Аламдорӣ, устоди ҷомеашиносӣ дар Донишгоҳи Калифорния мегӯяд: "Дар воқеаҳое, ки пас аз интихоботи ахири Эрон иттифоқ афтод, як ҳаракати табақаҳои вопаснигар дар баробари табақаҳои навгаро ва оянданигар аст. Агар ба таҳаррук ва қишрбандии ҷомеаи Эрон дар се даҳсолаи ахир бингарем, бахусус, даҳаи охир, ҷомеаи мо хеле мутаҳаввил шудааст, бо насли ҷавон, ки ба синни донишгоҳу кор расиданд. Ва хостҳои наве тарҳ мекунанд, ки дар чаҳорчӯби муносибатҳои суннатии ҷумҳурии исломӣ амалӣ набуда."

Аслан, хушунату нооромӣ хоси синфи миёна нест ва ин қишр, масалан, бар асари ҷанг аз Балкан, Ироқ ва Афғонистон фирор кардааст. Бо вуҷуди бозгашти сулҳ, як бахши муҳими намояндагони он ба ватан барнамегарданд.

Устоди бахши иқтисодиёт дар Донишгоҳи Кобул, Сайфиддин Сайҳун мегӯяд: "Агар қарор бошад, ки мо як қишри таҳсилкарда ҷузъи ин табақа ҳисоб кунем, бале дар Афғонистон дар солҳои охир, қишри миёна як намуд ва зоҳири худро дорад. Аммо, мутаассифона, мо он тақабаи миёнаеро, ки муҳаррики рушди иқтисодӣ ва иҷтимоист, надорем. Мо ду қишр дорем. Яке қишри болои ҷомеа, сарватмандон ва дувумӣ -- қишри гурсунаву фақир."

Як ҳамсӯҳбати дигари мо, косибе аз Балкан мегӯяд, "вақте ки ҷанг меояд, поёнтарин қишри ҷомеа босуръат ба боло мебарояд. Онҳое, ки дар давраи ҷанг бозори сиёҳро мечархонданд, ҳоло сарватманданд ва тақдири кишварро ҳал мекунанд."

Бо вуҷуди ин синфи миёна чунин лаёқатро дорад, ки метавонад, зуд дубора сабз шаваду густариш ёбад ва бишкуфад.
XS
SM
MD
LG