Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак мехоҳад


Бисёре аз офатзадагони зилзила дар ноҳияи Ванҷ ҳоло дар хаймаҳо ба сар мебаранд

Бисёре аз офатзадагони зилзила дар ноҳияи Ванҷ ҳоло дар хаймаҳо ба сар мебаранд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба заминларзаи шадид дар ноҳияи Ванҷ зимни як муроҷиатнома аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои барқарор кардани хисороти зилзила хостори кӯмак шудааст.

Дар ин муроҷиатнома Вазорати корҳои хориҷӣ аз созмонҳои кумакрасони байнулмилалӣ ва ниҳодҳои СММ хоҳиш кардааст, ки ба мардуми офатзадаи Ванҷ ёрии фаврии молӣ расонанд ва дар сохтмони биноҳои тобовар ба зилзила дар ин минтақа кумак кунанд.

Бино ба иттилои ситоди ҳолоти изтирории вилояти Бадахшон, бар асари заминларзаи субҳи 2 январ дар маркази ноҳияи Ванҷ беш аз 60 манзил, 7 идораи давлатӣ ва 4 мактаб тахриб шуда, истифодаи онҳо ғайримумкин гардидааст. Беш аз 500 нафари бесарпаноҳмонда феълан дар манзилҳои хешовандони худ ба сар мебаранд.

Ба гуфтаи мақомот, дар ин заминларза беш аз ҳазор манзил дар чанд рустои ин ноҳия пурра ва ё қисман тахриб шудааст. Мақомоти ноҳия мегӯянд, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, хисороти ворида дар натиҷаи зилзилаи ахир беш аз 1,5 миллион долларро ташкил додааст.

Ахиран кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон ҳудуди 30 тонна кӯмаки иборат аз 50 хаймаву маводи ғизоро ба ин маҳал фиристодааст. Ҳамчунин то имрӯз як қатор созмонҳои кумакрасони фаъол дар Тоҷикистон, аз ҷумла созмони Ҳилоли Аҳмар ва ниҳодҳои СММ, ба мардуми бесарпаноҳ кумакҳои аввалия расондаанд. Вале ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, ҳоло камбуди маводи ғизоӣ, доруворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ сахт эҳсос мешавад.

Шиддати заминларза дар Ванҷро мутахассисон наздик ба 5 балл аз рӯи ҷадвали Рихтер муайян кардаанд. Заминларза бештар аз ҳама дар маркази ноҳияи Ванҷ ва маҳаллоти гирду атрофи он эҳсос шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG