Пайвандҳои дастрасӣ

Сар аз имрӯз, 11-уми январ, вазоратхонаҳо, кумитаҳо ва дигар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дар силсиланишастҳои хабарӣ натоиҷи як соли фаъолияти худро бо хабарнигорони кишвар баррасӣ хоҳанд кард.

Нишастҳои хабарии ниҳодҳои давлатиро имрӯз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва туризм, Вазорати маориф, Шӯрои адлия ва Кумитаи кор бо занон шурӯъ мекунанд.

Давоми 16 рӯзи оянда тамоми вазорату кумитаҳои кишвар, ҳамчунин бонкҳо, шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва ширкату корхонаҳои бузурги давлатӣ доир ба худ ба рӯзноманигорон гузориш хоҳанд дод.

Нишастҳои хабарии мақомот соли панҷум аст, ки бо як амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳар се моҳ баргузор мешавад. Ин конфронсҳо ба таври ҳатмӣ сурат мегирад ва феҳрасту таърихи баргузории онҳоро дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур тартиб медиҳад.

Дар ҳоле, ки рӯзноманигорон дастрасӣ ба иттилооти расмии аксари мақомоти Тоҷикистонро кори хеле мушкил меноманд, чунин нишастҳо муҳим арзёбӣ мешавад.

Вале баъзе рӯзноманигорон аз шеваи баргузории ин конфронсҳои хабарӣ интиқод карда, мегӯянд, ин нишастҳо танҳо ба як маъракаи ҳисоботдиҳии масъулин табдил ёфтааст ва аз ин ҷаласаҳо ба сахтӣ метавон хабари тозае пайдо кард.

Хабарнигорон аз он шикоят менамоянд, ки замони баргузории нишастҳои хабарӣ хеле кутоҳ аст ва бисёре аз онҳо бо ширкати намояндагони дуввум ва севвумдараҷаи ниҳодҳои давлатӣ сурат мегирад, ки онҳо аз ироаи иттиллои бештар худдорӣ мекунанд.

Иддаи дигар аз хабарнигорон бар онанд, ки чунин ҷаласаҳо барои пур кардани халои иттилоотӣ дар кишвар мусоидат мекунад.

Гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи натоиҷи нахустин нишастҳои хабарӣ соатҳои наздик нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG