Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатаи ҷумҳуриявии 40-ум дар Ванҷ ва 41 ум дар Хоруғ хомӯшии сабқати пешазинтизоботиро Ҳизби сотсиал-демократ халалдор кард.

Ба дунболи баргузории конфронси созмонҳои ноҳивии Мурғоб, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа ва Хоруғи ҳизби сотсиал-демократ ва пешбарии раиси бахши вилоятии ҳизб Алим Шерзамонов ба мақоми номзадӣ вай имрӯз довталабона барои ҳуҷҷатсупорӣ ба ҳавзаи интихоботии Хоруғ омад.

Ба гуфтаи раиси ҳавзаи интихоботи Отамшо Мақбулшоев, онҳо имрӯз ҳуҷҷатҳои нахустин довталаб ба мақоми номазад ба вакилии парлумонро аз назар гузаронида, ба хулоса омаданд, ки ҳуҷҷатҳо ҳама дуруст пур шуданд ва бо пешниҳоди маълумотнома оид ба гаравпулӣ рӯзи душанбе номзад ба вакилиро сабти ном хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Алим Шерзамонов, вай омода аст, ки гаравпулиро имруз ба «Амонатбонк» супорад, вале азбаски бонк рӯзи шанбе фаъолият намекунад, субҳи рӯзи душанбе маълумотномаро дар ихтиёри комиссияи ҳавзавӣ қарор медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, чанд рӯз боз онҳо дар ҷустуҷӯи ҳавзаи интихоботӣ буданд. Вай афзуд, ки ахиран барои комиссияи ҳавзавӣ як утоқи корӣ дар бинои шаҳрдорӣ ҷудо шуда, агарчи ҳануз ҳам лавҳа надорад, вале фаъолият мекунад.

Ба гуфтаи раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии ҷумҳуриявӣ Отамшо Мақбулшоев, комиссия ба мушкили надоштани утоқҳои корӣ рӯ ба рӯ гардида, аз рӯзи 7-уми январ бо дарёфти ҷой ба фаъолияти муназзам пардохтааст.

Вай ҳамчунин ҳафтае як маротиби нашр шудани рӯзномаи вилоятӣ ва ба ин сабаб дер интишор шудани қарор дар мавриди интихоби аъзои комиссияи ҳавзавиро яке аз сабабҳои дигар таъхир дар фаъолияти комиссия мешуморад.

Тибқи иттилои дарёфтӣ, Ҳизби халқӣ-демократӣ номазадҳо ба вакилиро аз ҳар ду ҳавзаи интихоботии ҷумҳуриявии Ванҷ ва Хоруғ ба парлумони ояндаи кишвар ҳафтаи оянда пешбарӣ хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG