Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои шароити зиндагӣ дар Тоҷикистон


Натоиҷи пажӯҳиши маҷаллаи бонуфузи байнулмилалии мавсум ба «International Living» нишон додааст, ки Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои иҷтимоии зиндагӣ дар байни 194 кишвари ҷаҳон дар мақоми 134 қарор дорад.

Дар феҳрасти ин маҷалла, ки ахиран нашр шудааст, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойҳои охирин дар байни ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравиро касб кардаанд.

Кишварҳои дорои беҳтарин шароити зист дар паҳнои собиқ шӯравӣ Латвия, Литва ва Эстония муаррифӣ шудаанд.

Пажӯҳишгарони маҷаллаи «International Living» ё «Ҳаёти байнулмилалӣ» ба вазъи зиндагӣ дар кишварҳои ҷаҳон аз рӯи якчанд меъёр, аз ҷумла қимати рӯзгузаронӣ, вазъи иқтисодӣ, зербино, муҳити зист, тандурустӣ, фарҳанг ва фароғат, озодӣ, амният ва боду ҳаво, аз рӯи ҷадвали 100-холӣ баҳогузорӣ кардаанд.

Тоҷикистон дар ҷамъ бо 51 хол ба даст овардааст. Дар ҳоле, ки ин маҷалла ба шароити озодӣ ва фарҳангиву фароғатии Тоҷикистон баҳои поин додааст, вале вазъи муҳити зист ва қимати сукунат дар ин кишвар бо касби 79 ва 74-холӣ яке беҳтаринҳо унвон шудааст.

Бино ба натиҷагириҳои ин пажӯҳиш, беҳтарин кишвари ҷаҳон барои зист Фаронса мебошад. Ҳамчунин Швейтсария, Олмон, Амрико, Канада ва дигар мамолики Ғарб ҳамчун беҳтаринҳо эътироф шудаанд.

Камтарин баҳоро кишварҳои Яман ва Сомалӣ гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG