Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди Маҳмуди Аҳмадинажод аз Душанбе, маъракаи фурӯши саҳмияҳои «Роғун» ва пайомадҳои заминларза дар Ванҷ аз мавзӯъҳои марказии шумораҳои ин ҳафтаи нашрияҳост.

«Фараж» сафари Аҳмадинажод ба Тоҷикистонро дар ростои ҳамкориҳои ин кишвар бо шарикони раҳбурдӣ муҳим арзёбӣ карда ва навиштааст, «вазъи имрӯз ва таърихи 18 соли ахири истиқлолият собит мекунад, ки ба ҷуз Эрон Тоҷикистон бо чанд қудрати дигар ҳам кор мекунад, аммо вақте, ба қавли мардум, «қофия танг меояд» боз Эрон мемонад».

Ин нашрия бо таваҷҷӯҳ ба тақвияти равобити миёни Эрону Чин навиштааст, ин марҳилаи нав, моро ба чунин хулоса меорад, ки аз ин гармӣ бояд бештар Тоҷикистон бурд дошта бошад. Зеро, ба таъкиди «Фараж», бо он, ки «Чин барои Тоҷикистон сармоягузори асосии иқтисодӣ шудааст, шояд аз «ҳамлаи аҷуҷу маҷуҷ» ва даъвоҳои импералистонаи дигар қудратҳо паноҳ бурдан ба Эрон беҳтар аст? То ин лаҳза, ки дигар қудратҳо ба Эрон нақши калидӣ дар Тоҷикистон қоил намешаванд. Ин эҳсос нест, воқеъият аст».

«СССР» дар робита ба ба масъалаи бунёди нерӯгоҳи «Роғун» аз мавзеъгирии мансабдорон, ба хусус вазирону раисони вилояту шаҳр ва ноҳияи Тоҷикистон дар нисбати харидории саҳмияҳои ин иншоооти стратегӣ изҳори тааҷҷуб кардааст. Ба навиштаи нашрия, ин суол барҷост, ки чаро нафаре, аз ин ҷанобон боре тавассути дастгоҳи тарғиботии давлат, телевизион ва радио ва ё ягон газета аз ҷавонмардии худ барои харидории саҳмияҳои «Роғун» дарак намедиҳад? Дар ҳоле, ки ба таъкиди нашрия, тибқи муқаррарот махфияти сарчашмаи даромади харидорони саҳмия таъмин аст.

«Зилзилаи сесола дар Ванҷ» матлабест, ки нашрияи «Миллат» пайомадҳои ҳодисаи ахири рӯйдода дар ин ноҳияро ба баррасӣ гирифта навиштааст, «чаро Ванҷ дар як шабонарӯз 115 бор меҷунбаду масъулон як бор не?». Ҳафтанома дар хизмати мардум набудани илм ва мақомотро посухе ба ин суол дониста ва овардааст, «дуруст аст, ки қудрати илмӣ то он дараҷае нест, ки заминларза пешгӯи шавад, аммо марказе, ки се сол боз меҷунбад, наход ба тадқиқи геологӣ ва сейсмикӣ ниёз надошта бошад».

«Озодагон» тағйироти кадрии ахир дар ҳизби ҳокими халқӣ - демократии Тоҷикистонро муаммо талаққӣ кардааст. Ба навиштаи Раҷаби Мирзо, муаллифи матлаби «Чаро Раҳмон неву Убайдуллоев барканор шуд?», барканории Маҳмадсаид Убайдуллоев - «шахси-2» и Тоҷикистон ва Абдулмаҷид Достиев - муассиси ҳизб ва сафири Тоҷикистон дар Маскав дар анҷумани ахири ҲХДТ суолу фарзияҳоеро дар миёни таҳлилгарон ба вуҷуд овардааст. Вай мегӯяд, то ҳанӯз вокуниши ин нафарон зоҳир нашуда, аммо агар онҳо норозианд, пас имкони пайдоиши «болшевизм» - у «меншевизм» дар ҲХДТ, ё ҳадди аққал «ҷинноҳҳои» нав он чи ки дар ҳизби демократ ва ҳизби состсиалист гирфтор шуду масъулони ин ҳизбҳо дар онҳо даст доштани намояндагони ҲХД -ро таъкид намудаанд, вуҷуд дорад?

Ҳафтаномаи русизабони «Азия плюс» дар матлаби «Претендент на влияние» («Мудаъӣ барои нуфуз») Абдуҷаббор Азизов - мушовири масоили сиёсати кадрӣ, Саидмурод Фаттоев - мушовири давлатӣ дар масоили рушди иҷтимоъӣ ва муносибат бо ҷомеа, Асадулло Раҳмонов - раиси кумитаи радио ва телевизион ва Нусратулло Абдуллоев - раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистонро аз номзадҳои эҳтимолӣ ба мақоми раҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон хондааст. Аммо ба навиштаи нашрия ҳадсу пешгӯии расонаҳо бар ин аст, ки Абдуҷаббор Азизов, дар муқоиса ба дигарон номзади қобили қабул ба ин мансаб аст. Зеро, навиштааст «Азия плюс», Азизов мактаби президент ва Амиршо Миралиев раҳбари феълии дасгоҳи иҷроияро тай кардааст.

Вазъи соҳаи саноати Тоҷикистон мавриди интиқоди нашрияи «Пайкон» қарор гирифта ва ҳафтанома пешниҳод кардааст, ки «Ҳукумат бояд дар ҷаласаи ҷамъбастии худ асосан ба масъалаи саноат ва дигаргунии кадрҳо дар соҳа аҳамият диҳад». Зеро ба навиштаи нашрия «вазири саноат ва на он нафароне, ки дар ин бахш кор мекунанд, ба талаботи дар наздашон гузошта ҷавобгӯ нестанд. Ба ин далел ба таъкиди нашрия якум ба кадрҳо ва дуввум ба сиёсати ҷорӣ кардани табодули воридот аҳамияти ҷиддӣ бояд дод. Чун сиёсати табодули воридот, менависад, нашрия маънои барқарор кардани истеҳсоли ватанӣ мебошад. То имрӯз ҳаҷми воридот аз ҳаҷми содирот се маротиба зиёд мебошад, ки ин фалокати калон бар сари мамлакат аст.

«Нигоҳ» посухҳои Сафиаллоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ба суолҳои сершумори хонандагонро чоп кардааст, ки ин масъули умури муҳоҷират гуфтааст, таъсиси вазорати воҳид барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар вазъи кунунии бӯҳрони молӣ дар Тоҷикистон мусоидат намекунад. Ахиран бархе аз ҳизбҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ташкили вазорати алоҳида дар масоили муҳоҷиратро пешниҳод кардаанд. Девонаев бар ин бовар аст, ки берун кардани Хадамоти муҳоҷират аз сохтори Вазорати корҳои дохила мушкилоти фаровонеро дар муносибот ва ҳамкорӣ бо хадамотҳои муҳоҷирати вазоратҳои корҳои дохилаи кишварҳои хориҷӣ ба миён меорад.

Бархе аз нашрияҳо, аз ҷумла «Миллат» ва «Пайкон», аз даргузашти Муҳаммадраҳими Сайдар, хабрнигор ва нависандаи тоҷик дар Русия, изҳори тассуф карда ва матолиберо ба ин ихтисо додаанд. «Дареғо, ки Сайдарро гум кардем» матлабест, дар ҳафтаномаи «Миллат», ки аз Сайдар ба унвони нависандаи хушсалиқа ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, гӯяндаи розу ниёзи якуним миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия ёддоварӣ кардааст. Ба навишати нашрия, бо он ки Сайдар муддати ду даҳсола берун аз ватан кору фаъолият дошт, аммо ҳамеша дилаш ба ёди Тоҷикистон метапид.
XS
SM
MD
LG