Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хуш омадед ба нашри аввали Ояндасоз-мюзик - маҷаллаи вижаи мусиқӣ дар соли 2010. Дар рӯзи дуввуми ҳамин моҳ қалби эҷодкор ва бастакори барҷастаи тоҷик Фаттоҳ Одинаев аз таппидан бозмонд, ки даргузашти ин оҳангсози маъруф талафоти бузурге дар санъату мусиқии асили тоҷик талаққӣ мешавад.

Бештар аз 50 сол бад-ин сӯ қариб ҳамарӯза тавассути садову симои кишвар оҳангҳои марғуби оҳангсоз Фаттоҳ Одинаев садо медиҳад. Ӯ тавонист, ки мусиқии ҷаҳониро бо оҳангҳои классикӣ ва мардумии тоҷик даромезад ва дарду армони миллат ва ҷомеаро дар оҳангҳояш инъикос кунад. Дар асарҳои ӯ мавзӯъҳои Ватан, муҳаббат ба инсон, ишқи пок, ва арзишҳои умумибашарӣ тараннум меёфтанд. Ин шабу рӯз, ки ҳамагон аз Роғун мегӯянд ва овозхонони тоҷик тоза дар васфи ин нурӯгоҳ хонданро шурӯъ кардаанд, аммо Фаттоҳ Одинаев ҳанӯз бист соли пеш таронаи «Маъвои Рогун»-ро бар таронаи Бозор Собир эҷод кард, ки ҳоло маҳбуб шудааст ва ҳамарӯза тариқи телевизион шунавонида мешавад.

Фаттоҳ Одинаев то расидан ба мартабаи оҳангсози барҷаста пайроҳаи пурпечутоберо пушти сар кард. Ӯ таҳсилро аз омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе шурӯъ намуда, ба консерваторияи Маскав роҳ меёбад. Барои офариниши оҳанг аз устодони ҳунари тоҷик Акашариф Ҷӯраев ва Абдулло Назрӣ дасти дуо мегирад. Бо навиштани даҳҳо оҳанг, мусиқӣ барои хор ва фортепиано, асарҳои камеравиву симфонӣ, вокалӣ, оркестри созҳои мардумиву эстрадӣ ва мусиқиҳои дилнишин барои филмҳо ҳамчун эҷодкори барҷаста исми худро дар таърихи санъату мусиқии волои тоҷик сабт мекунад.

Фаттоҳ Одинаев бо шоирони зиёди тоҷик ҳамкорӣ мекард ва бар ашъори бештари онҳо оҳанг мебаст. Аз ҷумла, Гулназар Келдӣ, шоири шинохтаи тоҷик, бо ёдоварӣ аз ҳамкориҳояш бо ин оҳангсози мумтоз мегӯяд, доштани дониши адабиву мусиқӣ барои Фаттоҳ Одинаев имкон медод, ки бо шоирону мусиқидонҳо дар сатҳи баробар баҳсу мунозира кунад.

Моҳрухсор Сафиева, овозхони тоҷик,мегӯяд, аз соли 80-уми қарни гузашта бад ин сӯ бо Фаттоҳ Одинаев ҳамкор буд ва беҳтарин таронаҳои эҷодиёташ низ моли ҳамин бастакор будааст. Ба гуфтаи хонум Моҳрухсор, ин оҳангсоз интихобан барои овозхонҳо мусиқӣ эҷод мекард. Оҳанги охирине, ки Моҳрухсор Сафиева аз Фаттоҳ Одинаев иҷро кардааст, «Алла» буд. Ва хонум Моҳрухсор мегӯяд, замоне ки вай ин таронаро иҷро мекард, дар дидагони бастакори шодравон ашкро медид. Вай мегӯяд. маъмулан Фааттоҳ Одинаев бо шунидани оҳангҳои беҳтаринаш оби дида мерехт.

Фаттоҳ Одинаев зимистонро дӯст медошт ва дар ҳамин фасл дар синни 71 дунёи фониро тарк кард. Акнун шоҳсутуни мусиқии миллии тоҷик, оҳангсози операи «Парасту», операи бачагонаи «Бузаки ҷингилаппо», достони «Аҳурамаздо», таронаҳои «Ватанро месароям», «Иқболи баланд», «Бақои дустӣ», «Ману дарё», «Тоҷикистон», «Арӯси 18-сола», «Аспи саманд», «Маъвои Роғун», «Садбарги сафед» ва «Аскарбача»-миёни мо нест. Вале ганҷинаи бебаҳои фарҳангии ӯ ба мерос мондаву, аз оҳангҳояш таппиши дили ин эҷодкори мумтоз шунида мешавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG