Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаи шатранҷбозони ҷавони тоҷик


Мавсими нави варзиш дар Тоҷикистон бо мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони шаҳри Душанбе оғоз ёфт.

Довари ин мусобиқа Саодат Одинаева, мураббии мактаби шоҳмоти пойтахти кишвар, ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар ин сабқат 90 шатранҷбози синнашон аз 8 то 18-сола ширкат доранд, ки миёни онҳо ғолибони мусобиқаи пешин Марворид Насриддинова, Меҳрангез Раҳматова, Мутрибаи Илҳом, Синои Илҳом, Умар Насриддинов ва Алиёр Чоршанбиев ҳастанд. Мусобиқа байни писарону духтарон мувофиқи синну соли онҳо дар шаш гурӯҳ сурат гирифтааст».

Ба гуфтаи хонум Одинаева мусобиқаи қаҳрамонии шатранҷбозони ҷавони шаҳри Душанбе то рӯзи 12-уми январ идома хоҳад кард. Беҳтаринҳо ба мусобиқаи ҷумҳуриявии наврасон, ки моҳи март баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
XS
SM
MD
LG