Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Ҳамин, гўед, дар кўдакиям як латифаеро хонда будам, ки Афандӣ ба духтараш «Гулдартабақуситорадарбомбегим» ном гузоштааст. Чунки гўё дар қонунҳои болоӣ навишта шуда будааст, ки «Ҳар қадар номи кўдак дарозтар бошад, умраш ҳамон қадар дароз мешавад».

Ман ҳам хостам поямро ба пои мардаки Афандӣ дароз кунаму, қонуншиканӣ накарда, ба кўдаконам вобаста ба давру замон ва солҳои махсусгардонидашуда ном гузорам.

Духтари нахустинам, ки Гуманитарка ном дорад, соли гузашта ба Рэкетбой гуфтанӣ ҷавоне, ки аз худаш ду-се сол калонтар буд, ба шавҳар баромад. Шукр зиндагиашон бад нест. Ҳарчанд ризқу рўзии духтари ман дар намуди «ёрии башардўстона» камтар шуда бошад ҳам, лекин домодам Рэкетбой дар соҳаи иқтисодиёт ҷои кори хуб дорад.

Духтари дигарам, ки вобаста ба сол Обтозакунак ном монда будем, мактабравак шудааст, вале муаллимҳояш то ҳол пули «қаҳва» ва кирму кухаки аз ҷумаки водопроводҳояшон омадаро аз Обтозкунаки ман талаб мекунанд.

Боз як духтарам Асалбегим ном дорад. Модараш ўро дар вақти эълон кардани «Рўзи Асал» ба дунё оварда буд. Бечора аз хона берун баромада наметавонад, чунки тамоми занбўрҳои ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бо вай ҷанг эълон кардаанд. Ҳар рўз лунҷҳо даму чашмҳо чашмҳои хитоиҳои роҳсоз барин варам кардаги Китайский. Сабаб пурсӣ - ҷавоб якто: занбўр газид! Ҳар рўз, мунтазам.

Ниҳоят тоб наоварда, як руз сабабашро аз занбўрҳо пурсидам. Онҳо ҳама бо як овоз ғурунгос зада, мегўянд, ки мо аз духтари шумо, яъне масалан, чошни, яъне маззачашак мегирем. Пурсидам, ки: хўш маззааш чи хел? Медонед онҳо ба ман чи гуфтанд? «Тамоми асали бозор ва «Рўзи Асал» ба мо занбурон дахле надоранду, ин духтар ба шумо... Яъне, ҳам мову ҳам шумо дар протсесси истеҳсоли маҳсулот ширкат надоштем. Дар вақти сохтани Асалбегим шумо дар командировкаи дарози меҳнатӣ, дар Русия мардикорӣ мекардеду, дар вақти сохтани асали бозору «Рўзи Асал» мо занбўронро ба кўҳ бурда, маҳкам карда буданд, ки барои калоншавандагон асали ҳақиқӣ барорем. Короче, ҳам ину ҳам он қалбакианд, китайский...»

Писарамон Танзимбек он қадар бемаънию камодоб аст, ки баробари дар маърака пайдо шуданаш мо волидайнаш аз шарм лаблабуи говхур барин суп-сурх мешавем. Аз ҳама меҳмони меомадагӣ пул мепурсад. Ба кўрпачаю курсиҳо нарх мондааст. Маҳсулоти аз бозор овардаро медуздад. Чи дар хона бошаду чи дар тарабхона. Меҳмононро чун бузони аз пода омада ҳисоб мекунад. Умуман, баъди таваллуди Танзимбек тўю худоию маъракагузарони барои мо барин камбағалон осонтар не, балки боз ҳам душвортар шуд . Баракат аз хонадонамон парид.

Ана ба шумо ҳаёт диҳад, мехоҳем духтарчаи нав таваллуд шудаамонро Аксиябону ном гузорем. Ҳар рўз одамони гуногун ба воситаи садою симо баромад карда, таъриф мекунанд ки: «Номи нағз, фоидааш калон»... Оқибаташ ба хайр шавад...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG