Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сӯгвории Устод Муҳаммадраҳими Сайдар


Дар мазори мо «ғарибон» не чароғе, не гуле, Не пари парвона сӯзад, не садои булбуле. Махфӣ

Сад оҳу дареғ ровии ин маҳфили мо рафт,
Ногуфта ҳазорон сухани меҳру вафо рафт,
Дар ғурбату дар беватанӣ софу адо рафт,
Бо рангу рухи зарди зарандуда азо рафт,
Аз Ғарм сафар карду ба Раштони бақо рафт,
Озодсухангӯи дилу гӯшу садо рафт.

Он ёр, ки дидору дилаш давлати мо буд,
Неку сухану нек раву нек садо буд,
Дар илми маониву адаб дидабаро буд,
Дар ҳар хабараш васфи ғарибони Худо буд,
Дарди дили сад ҳамватани бесару по буд,
Сад захм дар он дидаву дил аз бари мо рафт.

Ӯ булбули саргаштаи сад боғу чаман буд
Ҳар ҷо ки сафар кард дилаш сӯи Ватан буд,
Ӯ марди ба фарҳангу ба номусу ба фан буд,
Ҳар рӯз ба сад хотира фарёд расан буд,
Озурда дил аз рӯзи ғарибони ватан буд,
Ҳоло ки ба анҷоми сафар сӯи Худо рафт.

Сайдар, ки дараш Шаҳринави қалъаи Исток,
Ӯро, ки «Сияҳ об» бипарвардаву ин хок,
Инҳо ҳама имрӯз ба дарди дили ғамнок,
Ёрону бародар ҳама бо синаи садчок,
Сад оҳу фиғон аз дили ёрон ба дили пок,
Сад дод, ки доди сухани сулҳу сафо рафт.

Он марди хирадпеша хирадпора забон дошт,
Дур аз Ватани хеш «ПАЁМ»-е зи Каён дошт,
Озурдаву ранҷуру хазон кори замон дошт,
Ҳар рӯз зи асрори ҷаҳон гуфту гумон дошт,
Дар сад дилу сад дидаи ҷомиа макон дошт ,
Бе савмааву ҷомиа бо дасти дуо рафт.

Муҳаммадназар Мирзода ш.Санкт-Петербург 04.01.2010
XS
SM
MD
LG