Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳазорон сокини мусулмони Тоҷикистон аз Соли нави мелодӣ ё масеҳӣ, ки моли Шӯравӣ ва “фарҳанги ворида” будааст, таҷлил кардаанд. Онҳо мегӯянд, агарчӣ ин ид ба масеҳиён марбут аст, вале барои онҳо як рӯзи истироҳат ва хурсандист, ки бо хатми моҳи дувоздаҳуми тақвим пеш меояд.

Рӯзи соли нави 2010-ум имсол ба рӯзи ҷумъа рост омад ва аксари уламо дар намозҳои ҷумъа, ки бо ширкати бештари намозгузорон барпо шуд, ба ёддошти мелоди Исои Масеҳ пардохтанд. Онҳо низ гуфтанд, ки соли нав дар Тоҷикистон ҷашни мазҳабӣ набуда, хусусияти динии худро барои мусулмонони ин кишвар кайҳо аз даст додааст.

Иди Соли нави мелодӣ ё масеҳӣ, ки пас аз вуруди русҳо ба минтақа дар қарни гузашта ҷорӣ шуд, дар тӯли ҳафтод соли пойбарҷоии Шӯравӣ ба як ҷашни ҳамагонӣ табдил ёфт. То ҳоло дар шаби соли нав аксар сокинони Тоҷикистон дар хонаҳои худ арчаи солинавӣ оро медиҳанд, дастурхони пурнозу неъмат густурда ва хурсандӣ мекунанд. Дар бештари хонаводаҳо ҳамроҳ бо қаҳрамонҳои ҳамчунон аврупоиву ғарбии ин ид - Бобои Барфӣ ва Барфак ин идро таҷлил мекунанд, ки рамзи муҳими Соли нав маҳсуб мешавад.

Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ гурӯҳҳои исломӣ талош мекунанд, ки таҷлил аз маросимҳои ғайримусулмонӣ, аз ҷумла соли нави масеҳӣ дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ шавад. Вале давлати Тоҷикистон, ки дунявист, рӯзи Соли навро мисли идҳои дигар барои сокинон рӯзи таътил эълон кардааст. Дар рӯзи Соли нав дар Тоҷикистон корхонаҳо кор намекунанд ва сокинон бошад, бо пайвандони худ барои тамошо ба боғҳо мебароянд ва барои ҳамдигар соли хубу хуш орзу мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки Ҳоҷӣ Мирзо, аз рӯҳониёни шинохта дар ҷануби Тоҷикистон, дар як сӯҳбати кӯтоҳ ба Озодӣ гуфт, пайравони ислом танҳо ду иди мазҳабӣ - Рамазон ва Қурбонро доранд ва таҷлил аз идҳои дигар барои онҳо иҷоза нашудааст: “Таҷлили ин ид аз ислом субут надорад. Вале дар як рисолаи домулло Муҳаммадӣ хондам, ки дар он гуфта шудааст “ҷомеаи мо демократист ва қонунҳои мо мутобиқ ба дину Қуръон нест. Аз ин рӯ, ҳар касе аз сӯйи, масалан, ҳукумат водор бишавад, ки аз ҳамин ид таҷлил кунад, гунаҳкор намешавад. Вале касе, ки маҷбур нест ва аз пеши худ ин ҷашнро қайд бигирад, ба хотири ин ки дар дин навоварӣ мекунад, гунаҳкор хоҳад буд”.

Дар баробари ин гуна изҳори назари рӯҳониёни алоҳида, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки ҳаққи судури фатворо дорад, чизе нагуфтааст. Яъне, на таҷлил аз иди соли нави масеҳиро барои мусулмонҳои кишвар рад кардааст ва на иҷоза додааст.
Бо ин ҳол, гурӯҳе дигар аз рӯҳониёни тоҷик ҳастанд, ки таҷлили соли нав дар Тоҷикистонро на бештар аз як одат медонанд. Онҳо мегӯянд, ки ин ид дар Тоҷикистон ба як анъана ё расм табдил шудааст, ки мардум огоҳонаву ноогоҳона онро ҷашн мегирад. Дар ин бора Домулло Байзоев, мудири мадрасаи динӣ, дар Хуҷанд чунин гуфт: “То ба куфр баровардани шахсоне, ки шабнишинӣ мекунанд, рамзан як дастархон мекушоянд, шодӣ мекунанд ва сӯҳбат меороянд, чандон саҳеҳ нест. Ва ин вайрон кардани мазҳабу ақида ба ҳисоб намеояд. Мардуме, ки аслан ҳамин гуна шабнишиниҳо мекунанд, дарвоқеъ, намедонанд, ки ки соли нав чӣ ҳасту таваллуди кӣ ҳасту ва барои чӣ шабнишинӣ мекунанд. Онҳо дар ин бора аслан тасаввуроте надоранд. Аз ин хотир, ба ин гуна масоил ин қадар сахтгир набояд буд. Ва ақидаю мазҳаби каси дигарро ҳам таҳқир кардан дуруст нест.”

Бо ин, масъалаи таҷлил кардан ва ё накардани иди соли нав аз сӯйи мусулмонҳо ҳалли худро наёфтааст. Ҳанӯз мухолифону ҷонибдорони ҷашни соли нави масеҳӣ дар Тоҷикистон, ки аксари кулли сокинонаш мусулмонанд, дар муқобили ҳам боқӣ мемонанд. Агар як идда аз мусулмонҳо таҷлили ин идро мувофиқ ба шариати исломӣ надонанд, иддае дигар мувофиқанд, ки аз ин ид ба унвони як расм ё анъана таҷлил шавад. Зеро ба бовари ин гурӯҳ, дар замони Шӯравӣ таҷлили Соли Нав танҳо ба маънои поёни соли корӣ ба мардум маънидод шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG