Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи идонаи Радиои Озодӣ


Хонандагони гиромии торнамои Озодӣ! Радиои Озодӣ дар шаби Соли Нав барои шунавандаҳои гиромии худ барномаи вижаи идонаро таҳия кардааст.

Дар ин барномаи идона аз охирин рӯйдодҳои соли сипаришуда, муҳимтарин таҳаввулоти соли 2009 дар ҷаҳон ва Тоҷикистон огоҳ хоҳед шуд. Табрикоти соли навии мардуми оддӣ ва чеҳраҳои саршиносро низ хоҳед шунид. Муҳоҷирони тоҷик низ аз соли навро ба шумо ва ба аҳли оилаи худ табрик хоҳанд гуфт. Дониҷӯшёни тоҷик, ки Соли Навро дар кишварҳои дигар пешвоз мегиранд, тавассути Озодӣ наздикони худро табрик гуфтанд.

Ҳамчунин, вижагуфторҳои Радиои Озодӣ, ки аз муҳимтарин таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишии кишвар дар соли 2009 қисса мекунанд, омода ва дар ин барнома пахш шудаанд. Ҳамчунин, онро низ хоҳем шунид, ки диди мардуми оддӣ ба таҷлил аз Соли Нав чӣ гуна аст – хуб, бад ва ё таҳаммулпазирона. Аз дарди дили мардуми Тоҷикистон низ хоҳем шунид, ки дар соли 2009 чӣ сарнавиште доштанд ва дар соли 2010 барои худ чӣ орзуҳое доранд. Аз бозорҳову дӯконҳо дидан хоҳем кард, ки чӣ ҳадяҳое омода кардаанд ва дар дасти мардум чӣ тӯҳфаҳое ҳаст ва барои кӣ харидорӣ шудаанд.

Дар асри фанновариҳои муосир мардум дигар ҳамдигарро на танҳо бо ҳадяе аз дӯконе хушҳол месозанд, балки бо истифода аз интернету мобил низ табрик мегӯянд. Гунаҳои муосири табрикоти солинавиро низ дар барномаи идона хоҳед шунид.

Таронаҳои шуниданӣ ва табрикоти солинавии сарояндагони ин таронаҳо низ интизори шумост. Аз ҷумла, тозатарин суруди Шабнами Сурайё.
XS
SM
MD
LG