Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бокс


Бо дархости мухлисон ба зудӣ дар сомонаи мо сафҳаи хоси танзнигор, драмнавис ва ҳунарпешаи театру синамо, Нуруллоҳи Абдуллоҳ боз хоҳад шуд. Ҳамчун фатире аз нӯги хамир ин танзи ӯро пешкаши Шумо мекунем.

Ба ман нигоҳ кунед, ҳабаш ако, о шумо мусулмон ҳастед ё не? Чӣ? Кубагӣ ҳастед? Ана, боз мегӯед, ки мусулмон нестам. О, одами худамон будаед-ку. Гуфтан мумкин, ки ҳамшаҳриамон. Мо ҳам шумо барин ҷабрдидаи... яъне тарбиятдидаи ҳамон раҳматии Ҳукумати Шӯравӣ ҳастем.

Акнун як маслиҳат-дия, ако. Наход шумо акои худамон шуда истода одами худиро ҳамин хел кӯбед? О, агар дар раунди якум дар сару рӯи вай ягон ҷои обод намонда бошад, раундҳои боқимонда чӣ мешавад, гардам? Одам гуфтанӣ ин хел намешавад-да... Охир, мо ҳам ба ин маърака бо умед омадаем. Шумо бошед бачаи бечораро хари африкоии зебра барин алобуло карда, қашқа кашидед. О агар ман ӯро бо ҳамин ҳолаш ба хонаашон барам медонед чӣ мешавад? Падараш сару рӯи маро айнан ҳамин хел қашқа мекашад. Шумо, ҳабаш ако, падари ӯро мешиносед? Не? Ин давлати шумо. Ана мани бадбахт мешиносам...

Акнун ҷиддӣ ба ман зеҳн монед, ҳабаш ако. Ман кӯбӣ гуфта бачаи бечораро ин қадар кӯфтан нагиред. Монед вай ҳам ягон мушт партояд. Мардуми мо аз телевизор бинанд, вақташон хуш мешавад... Мо дуздию гургӣ аз ҳисоби бӯҷа як миқдор пул овардаем. Ҳамаашро нею... ба ҳар ҳол як қисми ҳамонро ба шумо медиҳем... Мактаб наздик омадагӣ. Ба бачаҳакоятон китобу дафтар харида медиҳед.

Аз рӯи шунидам шумо ҳам мо барин серкӯдаку кампул.(Мурад давлати советӣ бо кори кардааш... Тавба кардам, куфр гуфтам. Дар бораи мурда гапи ганда намегӯянд...) Лекин алам мекунад-дия! Мардуми бисёреро аҳмақ карду... Умуман, ин пуле, ки мо ба шумо доданием, яъне ирсол карданием, пули калон аст. Хусусан дар ватани мо. Вай ба ғайр аз китобу дафтар, ҳатто барои харидани эзорчаю майкаи кӯдакони синфҳои поёниатон мерасад. Чи, «тел», Ҳа-а, кӯдаконатон телпаку мӯза ҳам надоранд? Э, бечораҳо... Худи солдатҳои мо барин будаанд...

Воқеан, ба кӯдакони шумо либоси зимистона чӣ лозим? О аз рӯи шунидам дар Кубаи шумо кӯдаконатон аз модар офтобсӯхта таваллуд мешаванд-ку?

Биёед, ако, не нагӯед. Марҳамат, мана ҳамин сомониҳоро гиреду... Чӣ? Шумо бо ин пул танҳо аз баҳри як муштатон баромада метавонед? Ин яъне чи тавр: шумо як мушт камтар мезанед ё иҷозат медиҳед, ки одами мо ҳам ба фуки сиёҳи... маъзарат мехоҳам... ба чеҳраи гандумгуни шумо, ягон мушт фарорад? Ҳа-а... Шумо як мушт камтар мезанед... Яъне муштҳои дигаратон ба сари бачаи бечора борони баҳорӣ барин боридан мегирад. О шумо инсоф, одамгарӣ барин гапҳоро шунидаед. Шумо дар умратон ягон бор «Беғараз панд» тамошо кардаед ё не?

«Ман Ватан гуфта ба ин ҷо омадаам» будааст. Мо чӣ? Мо, очакалонамон гуфта омадем-мӣ? Мо ҳам ҳамин бачаро хонондем, ки ҳар рӯз панҷоҳ бори «Зинда бод!» гӯяд, се-чор бор шӯрбои гӯштдори пеш аз танзимӣ додем, Хайрият, ки чаққонӣ карда, пеш аз сар шудани саҳмия либоси нав харидем...

Гӯш кунед, кӯбиҷон,биёед, гӯрба, ман боз як қисми ҳамон пули дуздидаамро ба шумо медиҳам. Ба кӯдакони худам китобу дафтар намехарам... Ман хонда чӣ шудам, ки онҳо шаванд... Ҳамон мошиншӯию испанддудкунӣ ҳам барои одами кор мекардагӣ хуб кор аст...
Биёед, як неки кунед, ако. Монед ҳамин бачаи мо овардаги ба фӯки шумо як ду се мушт фарорад. Кам намешавед-ку. Ҳа, биёед... Чӣ? Шуморо харидан мумкин нест? Э-ҳе, моро агар маҷбур кунанд, ҳатто аксияхарӣ мекунему як мусобиқаи умумиҷаҳониро харида наметавонем? Биёед монед-е...

Нархатонро гап занед... Чанд сӯм?! Бо пули сомонӣ? Доллар?! Э бародар... ҳабаш... шумоя ақлатон ҳаст-мӣ ё нест-мӣ? О, агар мо ин қадар пул медоштем, бе саҳмияфурӯшӣ ду ГЭС-и дигар месохтему боз чанд тангааш барои дуздидани мо барин камбағалҳо мемонд. Расо гузарондед, рафиқ... ҳабаш, гузарондед!

Ман бисёр, кӯшиш кардам, ки бо шумо бо лаҳҷаи адабӣ гап занам, одам барин фаҳмонам. Нафаҳмидед. Акнун аз худатон гила кунед, акои кӯбӣ будед-мӣ, квадратӣ будед-ми...

Ҳой, сағира, канӣ, инҷо биё. Ҳозир ба болои ҳамин суффаи чор тарафаш ресмон кашидаги мебароию қисмататро бо дастони худат ҳал мекуни. Ё ҳамин офтобсӯхтая мурданӣ мекӯбӣ, ё дар даруни пахтазор худат ба ҳабаш табдил меёби. Чӣ? Роҳи сеюм? Албатта ҳаст. Дар болои барфу тармаи Улан Уде аробакашӣ насиби доимиат мегардад. Фаҳмо? Ба пеш. Натарсида кӯфтан гир. Ман дар ҳамин ҷоям. Ё ту ӯро мекӯбӣ, ё ман қабри туро меканам.

Сар кун. Ана ҳамин тавр. Натарс. Кубия кӯбе бача. Чаро вай ҳабаши калонаш сачоқ мепартояд? Нагир. Мо ба ту навашро мехарем. Намурдем барои сачоқи кӯҳнааш. Гапи хуба, ки нафаҳмид... Фароре онаи зораша... об барад... Ҳой, чаро вай, офтобсӯхтаи дигариаш дасти бачаро қапида бардоштааст? О, монед ғайрат дорад, кӯфтан гирад-да. Чӣ? Паҳлавони мо зӯр баромад? Нағз. Ана ин гапи дигару... лекин кори нағз нашуд. Сағираҳои ҳабаш бе китобу дафтар монд. О, доим ана ҳамин хел мешавад: гапи хубро намефаҳманду, баъд кӯдаконашон бе эзору бе китоб мемонанд...
XS
SM
MD
LG