Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳқиқи марги вакил дар маҳбас


Расми видоъ бо Сергей Магнитский, Маскав, 20-уми ноябри соли 2009.

Расми видоъ бо Сергей Магнитский, Маскав, 20-уми ноябри соли 2009.

Комиссиюни мустақили назорати ҳуқуқи инсон дар маҳбасҳои Русия муносибати мақомоти зиндон ба вакили мудофеъ Сергей Магнитскийро, ки 16 ноябр дар зиндони Маскав аз дунё гузашт, маҳкум кард.

Магнитскии 37-сола, аз дарди ғадуди зери меъда азият мекашид, шикоят дошт, ки мақомоти маҳбас ӯро аз муоинаи духтур маҳрум кардаанд.
Азбаски пажӯҳиши қазия бо ибтикори раиси ҷумҳур шурӯъ шуд, нусхаи санад ба президент низ фиристода хоҳад шуд...

Валерий Боршев, масъули комиссиюн ва яке аз фаъолони ҳуқуқи башари Русия дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот ҳуқуқҳои Магнитскийро поймол кардаанд: "Мо ба хулосае омадем, ки ӯро ба таври бояду шояд бо кӯмаки тиббӣ таъмин накарда буданд. Шароите, ки ӯ дар он ба сар мебурд, рӯз то рӯз бадтар мешуд. Дар муддати сеюним моҳ ӯ ҳашт ҳуҷраи зиндонро иваз кардааст. Инҳо ҳама ҳуҷраҳои торику нафасгиркунанда буданд, ки дар онҳо се нафар дар майдони ҳудудан ҳаштуним метри мураббаъ ба сар мебурд."

Комиссиюн гурӯҳи тафтишотии Вазорати умури дохилӣ, маъмурияти зиндон ва мақомоти беҳдоштии онро барои эҷоди шароити номусоид, ки ба марги Магнитский сабаб гашт, гунаҳкор кард.

Магнитский - вакили мудофеи бунёди сармоягузории Hermitage Сapital ҳудудан як сол пеш бо иттиҳоми тақаллуб дар пардохти молиёт зиндонӣ шуд. Ӯ соли 2008 алайҳи ду ходими пулис, ки дар рейди бунёди Hermitage Capital ширкат доштанд ва асноди ин ниҳодро мусодира кардаанд, гувоҳӣ дод. Гуфта мешавад, ки баъдан санадҳои Hermitage Capital ба дасти гурӯҳҳои ҷиноӣ гузашт ва онҳо бо истифода аз ин аснод ширкатҳои таҳти назорати ин ниҳоди сармоягузорро аз худ кардаанд.

Ба гуфтаи ҷонибдорони Магнитский, ҳадаф аз парвандаи ҷиноӣ, ки онро ҳам яке аз ходимони пулиси марбут ба рейди Hermitage Capital пеш мебурд ин буд, ки бо фишор Магнитскийро ба додани гувоҳӣ алайҳи Hermitage Capital ва раҳбари амрикоитабори он -- Виллям Броудер маҷбур кунанд.

Комиссиюни риояи ҳуқуқи инсон дар зиндонҳои Русия майори милиса Олег Силченкоро ба ниқорталабӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ ба дархости табобати Магнитский муттаҳам кард. Он ҳамчунин майор Силченкоро ба интиқоли Магнитский аз зиндони "Матроская тишина" ба зиндони Бутирка ва ҷилавгирӣ аз мулоқоти маҳбус бо аҳли хонаводааш гунахкор кард. Бо назардошти ин ҳама, омадааст дар гузориш, намояндагони комиссиюн ба натиҷае расидаанд, ки вакили мудофеъ Магнитский зери фишори равонӣ ва ҷисмонӣ қарор дошт.

Додгустари додгоҳи Маскав Елена Сташина низ барои ба баррасӣ нагирифтани вазъи Магнитский ва содир накардани қарори озодии ӯ то мурофиаи додгоҳ гунаҳкор шудааст. Комиссиюн ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат кардааст, ки на танҳо қазияи феълиро бо рафтори Елена Сташина баррасӣ кунад, балки шароити ҳамаи боздоштшудаҳои ҷиддан маризро ба баррасӣ бигирад. Агарчӣ дар санади расмӣ марги Магнитский "сактаи қалб" гуфта шудааст, комиссиюни ҳуқуқи башар мегӯяд, ба эҳтимоли қавӣ Магнитский дар пайи ҳуруҷи шадиди дарди ғадуди зери меъда мурдааст.

Валерий Боршев хулосаи комиссиюнро аз омӯзиши ин ҳодиса барои баррасиҳои баъдӣ ба мақомоти баландпояи Русия мефиристад.

Вай гуфт: "Албатта, ин хулосаҳо ба Омбудсмани раёсати ҷумҳур дар умури ҳуқуқи башар, додситони кулли кишвар, додситонии Маскав ва Вазорати адлия фиристода мешавад. Ман бовар надорам, ки ҳарчӣ мо дар ин санад навиштем, аз ҷониби мақомот қабул шавад. Аммо ҳатман бахше аз онхо ба инобат гирифта хоҳанд шуд. Азбаски пажӯҳиши қазия бо ибтикори раиси ҷумҳур шурӯъ шуд, нусхаи санад ба президент низ фиристода хоҳад шуд."

Ба думболи марги Магнитский дар маҳбас Елла Панфилова, раиси Шӯрои пуштибонӣ аз ҳуқуқи инсон, ин ҳодисаро "куштор ва фоҷеа" унвон кард. Авоили моҳи равон раиси ҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, чандин тан аз мақомоти идораҳои ислоҳотро дар бастагӣ ба қазияи марги Магнитский аз кор сабукдӯш кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG