Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бегоҳи 29-уми декабр барои як бозии дӯстонабо дастаи миллии Яман ба ин кишвар сафар кард.

Пӯлод Қодиров, сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: «Бояд гуфт, ки сафари мо ба Яман натиҷаи ҳамкории Федеросиюнҳои футболи ҳарду кишвар мебошад. 31-уми декабр бозии рафиқонаи мо бо дастаи миллии Яман дар назар аст. Бозии дигари мо 2-юми январ баргузор хоҳад шуд, ки ҳанӯз дар бораи ҳарифи худ маълумот надорем. Мо 6-уми январ ба Душанбе бармегардем».

Ба иттилоъи Пӯлод Қодиров ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ба Яман сафар мекунад, инҳо дохиланд: дарвозабонҳо – Алишер Додов («Регар» ТадАЗ) ва Миралӣ Муродов («Энергетик»), ҳимоятгарон – Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Саванқулов (ҳарду аз «Истиқлол»), Фаррух Чориев, Даврон Эргашев, Наим Носиров (ҳарсе - «Регар» ТадАЗ), Асадулло Нуруллоев, Руслан Таваккалов (ҳарду – «Парвоз»), Акмал Сабуров («Вахш»), нимҳимоятгарон – Хуршед Маҳмудов, Иброҳим Рабимов (ҳарду – «Рагар» ТадАЗ), Ҷомихон Муҳиддинов («Вахш»), Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Қурбоналӣ Собиров (ҳарсе – «Истиқлол»), ҳамлагарон – Юсуф Рабиев («Истиқлол»), Даврон Тухтасунов ва Комил Саидов (ҳарду – «Регар» ТадАЗ).

Пӯлод Қодиров афзуд, марҳилаи дуюми омодагиҳо ба Ҷоми даъвати АФК 25-уми январ дар шаҳри Норак баргузор хоҳад шуд. Авоили моҳи феврал бошад, дастаи мунтахаби кишвар ба Қатар сафар карда, дар ин ҷо се бозии контролӣ анҷом хоҳад дод.

Баъд футболбозони тоҷик барои ширкат дар Ҷоми даъвати АФК ба Шри-Ланка сафар хоҳанд кард. Нахустин бозии марҳилаи ниҳоӣ дар гурӯҳи «А» 16-уми феврал миёни мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш доир хоҳад шуд. Дар худи ҳамон рӯз бозии дигари ин гурӯҳ байни дастаҳои Мянмар ва Шри-Ланка барпо мегардад.

Ба гурӯҳи «В» Ҳиндустон, Кореяи Шимолӣ, Туркманистон ва Қирғизистон шомиланд.

Ғолиби ин сабқат (ё агар Ҳиндустон баранда шавад, соҳиби ҷои дуюм) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат мегирад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG