Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон порлумон интихоб мекунад


Комила Содиқова, узви Ҳизби либерал-демократи Узбакистон натавонист, худро ҳамчун номзади интихобот сабти ном кунад.

Комила Содиқова, узви Ҳизби либерал-демократи Узбакистон натавонист, худро ҳамчун номзади интихобот сабти ном кунад.

Рӯзи якшанбе дар Узбакистон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар ин раъйдиҳӣ палатаи поёнии маҷлис, ки густариш ёфта, акнун аз 135 вакил иборат хоҳад буд, баргузида хоҳад шуд. Палатаи болоии порлумони Узбакистонро моҳи январи соли оянда шӯроҳои маҳаллӣ муайян хоҳанд кард.

Аз замони эълони истиқлолияташ дар соли 1991 ин савумин интихоботи Узбакистон аст. Вале ҳеҷ яке аз ин серо нозирон ҷавобгӯи меъёрҳои байнулмилалӣ наномидаанд.
15 курсӣ дар ин маҷлис ба Ҷумбиши экологии Узбакистон тақдим шудааст, ки ҳамагӣ моҳи августи соли равон ба саҳна омад. Қарор аст, ин гурӯҳи экологҳо аз дохили порлумони Узбакистон бар зидди тарҳҳои обу энержии Тоҷикистон ва Қирғизистон мубориза кунанд...

Якшанбеи 27-уми декабр шаҳрвандони Узбакистон маҷлиси, ба истилоҳ навро интихоб мекунанд, аммо бе вакилони мухолиф, ин маҷлис аз пешгузаштаҳои худ фарқ нахоҳад дошт. Вале бо вуҷуди он ки натиҷаҳои интихобот аз пеш зери назорат ҳастанд, маъракаи таблиғотӣ навигариҳои ҷолиб дошт.

Чунончӣ, чаҳор ҳизби сиёсии номнависшуда, ки ҳамагӣ тарафдори президентанд, нахустин бор ба танқиди ҳамдигар сар карданд.

Дар ҳамон оғоз, ҳангоми сабқати президентии соли 2004-и Узбакистон, ҳар чаҳор -- Ҳизби халқию демократӣ, "Адолат", сотсиал-демократ, "Эҳёи миллӣ" ва либерал-демократӣ ҳамагӣ Ислом Каримовро номзади худ эълон карданд. Каримов, ки аз солҳои 1990 мамлакатро идора мекунад, номзадиро аз ҷавонтарини онҳо -- Ҳизби либерал-демократӣ пазируфт. Акнун, зоҳиран, ҳизбҳо танқидҳои Каримовро, ки чаро ин аҳзоб аз ҳамдигар фарқе надоранд, ба назар мегиранд.

Бар пояи ин, намояндагони ҳизби "Адолат" барномаи худро як нигоҳи тоза номида, Ҳизби либерал-демократиро ҳадафи танқид қарор додаанд.

Узви кумитаи иҷроии "Адолат", Зӯҳро Ботурова мегӯяд, либерал-демократҳо ваъдаи зиёд медиҳанд, вале ваъдаҳои худро иҷро карда наметавонанд: "Бо истифода аз ин фурсат бояд бигӯям, ки бисёре аз барномаҳои интихоботии либерал-демократҳо танҳо эъломия ҳастанду бас. Онҳо мегӯянд, омодаанд, сарнавишти ислоҳотро ба дасти худ бигиранд, вале аз рӯйи рафтори феълии онҳо ман тасаввур намекунам, чӣ гуна онҳо ин корро дар оянда хоҳанд кард."

Аз он ҷо, ки Ҳизби либерал-демократӣ дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ, дар соли 2004, аксари курсиҳои порлумонро ба даст оварда буд, ҳоло ҳадафи асосии танқидҳо қарор гирифтааст.

Нашрияи Ҳизби халқию демократӣ, собиқ Ҳизби коммунист, "Узбекистон овози" дар сармақолаи худ навишт, ки "либерал-демократҳо бо худписандӣ ва зиёдаравии бемантиқи хеш танҳо аз худ ситоиш мекунанд ва чунин ситоишҳои бебунёд рӯ ба афзоиш дорад."

Ҳизби халқию демократӣ, ки аз лиҳози теъдоди аъзояш, 364 ҳазор нафар, калонтарин ҳизби сиёсии Узбакистон аст, дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ ҷои дувумро гирифта буд ва ҳоло ҳадаф дорад, дар маҷлиси поёнӣ аксариятро ташкил диҳад.

Барои бисёре аз шаҳрвандони Узбакистон ҷолиб ва қаноатовар аст, ки ин баҳсҳо дар телевзион намоиш дода мешаванд. Наметавон гуфт, аз лиҳози тезутундӣ мунозираҳои телевзионӣ ба намунаҳои ғарбӣ баробаранд, аммо барои Узбакистон як қадаме ба пеш буда метавонад.

Ноиби раиси Кумиссюни марказии интихоботии Узбакистон, Қучқор Тоғаев мегӯяд, маъракаи интихоботии кишвараш то рафт демократитар мешавад ва назар ба бисёр кишварҳои дигар беҳтар аст. Барои тасдиқи ин нукта дар намоишҳои телевизиони Узбакистон аз меҳмонони хориҷӣ истифода мешавад, ки яке аз онҳо кумиссюни интихоботиро ба андозаи кофӣ мустақилу бетарафона номид ва фазои интихоботро озоду бозу шаффоф.

Вале Комила Содиқова, узви Ҳизби либерал-демократ, мегӯяд, номи вай ба рӯйихатти ҳизбӣ ворид нашуд ва талошҳояш барои пешбарӣ ба ҳайси номзади мустақил низ бенатиҷа буд. Вай мегӯяд, дар посух ба рӯяш механданд ва мегӯянд, ҳама чиз кайҳо муайян шудааст.

Дар интихоботи порлумонии Узбакистон, якшанбеи 27-уми декабр, танҳо 135 вакил интихоб хоҳанд шуд, дар ҳоле ки шумораи вакилони маҷлиси поёнӣ ба 150 нафар хоҳад расид. 15 курсӣ дар ин маҷлис ба Ҷумбиши экологии Узбакистон тақдим шудааст, ки ҳамагӣ моҳи августи соли равон ба саҳна омад. Қарор аст, ин гурӯҳи экологҳо аз дохили порлумони Узбакистон бар зидди тарҳҳои обу энержии Тоҷикистон ва Қирғизистон мубориза кунанд.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Раҳматулло Зоиров дар посух ба ҳамин иқдоми раҳбари Узбакистон, пешниҳод кардааст, ба аъзои ҳизби ӯ, ки асосан ҳуқуқшиносонанд, дар порлумони Тоҷикистон 15 ҷой дода шавад, то ба зарбаҳои ояндаи зидди Роғун сипар шаванд.
XS
SM
MD
LG