Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

«15» ва «30» номзадҳоро нигарон кардааст


Номзадҳо ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон танҳо пас аз сабти асноди лозима дар КМИР ҳаққи таблиғу ташвиқи барномаҳои худро пайдо хоҳанд кард. Бино ба иттилои КМИР, то кунун аз ҷониби ҳеҷ ҳизб ва номзадҳои ҳавзаҳои инфиродӣ чунин санад пешниҳод нашудааст.

Мирзоалӣ Болтуев, раиси КМИР, мегӯяд, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо метавонанд тибқи қонун 45 рӯз пеш аз баргузории интихобот расман тавассути расонаҳои давлатӣ барномаҳои худро муаррифӣ кунанд. Ба гуфти ҷаноби Болтуев, номзадҳои ҳафзаҳои инфиродӣ имкон доранд, ки ройгон тариқи телевизиони давлатӣ 15 дақиқа ва ҳизбҳои сиёсӣ 30 дақиқа баромад кунанд. Агар вақти бештар мехоҳанд, бояд маблағ пардохт намоянд. КМИР ҳамчунин ба як номзади ҳавзаи инфиродӣ ҳазор сомонӣ ва ба ҳизби сиёсӣ 6.000 сомонӣ барои масрафоти роҳ ҷиҳати тарғибу ташвиқ медиҳад.

КМИР тарҳи масрафот барои баргузории интихоботи соли ояндаро дар ҳаҷми тақрибан панҷуним миллион сомонӣ муайян кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, дар ҳама ҳавзаҳои интихоботӣ таблиғномаҳо набояд аз ҳаҷми коғази А3 бештар бошад ва дар он маълумот дар бораи номзад, аксаш дар ҳаҷми 9x12 ва барномаи пешазинтихоботияш нашр шавад. Интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар рӯзи 28-уми феврал баргузор мешавад.

Ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои ҳавзаҳои инфиродӣ ҳуқуқи онро доранд, ки вақти муайяншударо танҳо дар расонаҳои давлатӣ, яъне телевизион ва радиои ройгон истифода баранд. Бархе аз намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, барои таблиғи барномаҳои онҳо вақти муқарраршуда дар телевизион ва радиои давлатӣ кофӣ нест.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, намояндаи ҲНИТ, ки дар интихоботи соли 2005 дар телевизиони давлатӣ ҳамагӣ 15 дақиқа баромад кардааст, мегӯяд, вақти муқарраршуда барои баромади як номзади ҳавзаи якмандата ва ҳатто як ҳизби сиёсӣ хеле маҳдуд аст. Зеро як ҳизби сиёсӣ наметавонад дар 30 дақиқаи пешбинишуда мӯҳтавои барномаи ҳизбии хешро бо таври фишурда ба интихобкунандагон расонад. Ӯ мегӯяд, як номзади ҳавзаи якмандата низ дар 15 дақиқа имкони муаррифии барномаи пешазинтихоботии хешро надорад.

Ба ақидаи оқои Сайфуллозода, хуб мебуд агар чунин имкониятро барои як ҳизби сиёсӣ ҳадди ақал дар маҳдудаи ду соат ҷудо мекарданд ва дар давоми ду моҳ ин ду соатро ҳизб ба хости худ истифода мекард. Намояндаи ҲНИТ меафзояд, дар ҳоле ки ба ҳизбҳои дигари кишвар ҳамагӣ 30 дақиқа вақт дар васоити ахбори оммаи давлатӣ дода мешавад, аммо рақиби ин ҳизбҳо – ҲХДТ бо шеваҳои гуногун бо истифода аз фишангҳои маъмуриаш аз васоити ахбори оммаи давлатӣ фаровон истифода мебарад.

Исмоил Талбаков, намояндаи Ҳизби Коммунист мегӯяд, ҳарчанд хуб аст, ки барои пахши телевизионии таблиғоти онҳо маблағ талаб намешавад, вале ин вақти ҷудошуда кофӣ нест. Ҳамчунин, дар ҳоли ҳозир, ки дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон маҳудудияти нерӯи барқ ҷорӣ аст, ба эҳтимоли қавӣ муроҷиати аҳзоби сиёсиро ба мардум шумори зиёди сокинон дидаву шунидан наметавонанд.

Дар ҳоле ки намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз вақти ҷудошуда барои корҳои пешазинтихоботӣ тариқи васоити ахбори оммаи давлатӣ қаноатманд нестанд, Мирзоалӣ Болтуев мегӯяд, ӯ низ ба ин пешниҳоди ҳизбҳои сиёсӣ розӣ аст. Вале, ба гуфтаи ӯ, интихоботҳои гузашта нишон дод, ки ҳатто ҳамин вақти ҷудошударо ҳам на ҳама ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои ҳавзаҳои якмандата пурра истифода мебаранд.

Паҳлӯи дигари ноқаноатмандии ҳизбҳо ҳаҷми маблағест, ки КМИР барои корҳои тарғиботии як номзад ва як ҳизб ҷудо мекунад. Баъзе мунаққидон мегӯянд, барои як номзад тақрибан аз 7 то даҳ ҳазор доллар барои пешбурди корҳои таблиғотии пешазинитихоботиаш зарур мешавад.

То имрӯз се ҳизби сиёсии кишвар - ҲНИТ, ҲСДТ ва ҲСТ ба раҳбарии Абдулҳалим Ғаффоров анҷуманҳои худро доир карда, шумори муайяни номзадҳои интихоботии худро тавассути рӯйхатҳои умумиҳизбӣ пешниҳод кардаанд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтааст, рамзи интихоботии онҳо имсол гарданбандҳои ранги кабуд мешавад, ки нишони осмони соф аст.

Анҷуманҳои аҳзоби дигари ширкатдори интихоботе, ки ду моҳ баъд баргузор мешавад, дар ҳафтаи ҷорӣ дар назар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG