Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле, ки даҳаи аввали соли 2000 ба анҷоми худ наздик мешавад, кошиносону таҳлилгарон бештар аз ноамнӣ ва номуайянӣ дар ҷаҳон сӯҳбат мекунанд. Таърихнависи Британияги Тони Ҷат коҳиши иқтисод ва беэътидолии сиёсӣ дар ҷаҳонро ба омеза ё коктейли хатарнок нисбат додааст.

Ин олим аз пажӯҳиши иқтисодшинос Ҷон Мейнард дар бораи бесуботиҳои солҳои 1930 ёдовар шуда, аз таъсири ин нирӯи барои озодӣ харобиовар ҳушдор додааст.

Бояд гуфт мавҷи хушбинӣ, ки дар поёни "Ҷанги Сард" зуҳур карда буд, бо роҳи худ равона аст ва ҷаҳон аз қисмат шудан ба ду ҷиноҳи бо
Ниҳоди дигар, ки аз он умдатан ҳамчун бозори суханфурушӣ ном мебаранд, Созмони Милали Муттаҳид аст, ки натавонистааст мавқеъи ягонаи кишварҳо дар ҳалли бӯҳронҳои феълӣ, хоҳ Эрон бошад, хоҳ Ховари Миёна ва ё ҳатто мавзӯи тағйири иқлимро ба даст биёрад...
ҳам душман эмин мондааст. Аммо мушкил дар набуди раҳбар ва иҷрои дастурҳост. Муддаиёни воқеии нақш раҳбар - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо аз ӯҳдаи ин масъулият набаромаданд.

Идея ва шиорҳое, ки ин ҳар ду пеш овардаанд, то рафт камрангу беасос ба назар меоянд ва аз ҷониби рақибони онҳо Чину Русия ва хатто Эрон ба чолиш кашида мешаванд. Амрико аз ҷониби худ ба мушкилоти кoҳнаву забонзада рӯ ба рӯ аст, ки новобаста ба чигунагии нияташ, ҳар талоше ки барои озодии давлатҳо ба харҷ медиаҳад, ҳамчун кӯшиши имерияхохӣ талаққӣ мешавад.

Аз нигоҳи аввал стратегияи Аврупо дар мавриди дигаргуниҳои ғайритаҳмилӣ ва ё ихтиёрӣ хушбинона ба назар меоянд. Баъди қарордоди Лиссабон, ки Иттиҳодро бо президенти доимӣ ва вазири умури хориҷӣ таъмин кардааст, сиёсати хориҷии он аз имконоти беҳтаре бархӯрдор шудааст. Ин хушбиниро комиссионери равобити хориҷии Иттиҳоди Аврупо, Бенито Ферйеро-Валднер "такони бузург" унвон кард ва гуфт, агар Аврупо мехоҳад, бо бозигарони муҳими ҷаҳон ҳамкорӣ кунад бояд худаш нирӯманд бошад.

Ҳавиер Солана, ки 10 сол раҳбари бахши сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо будааст дар сӯҳбат бо нашрияи "Ле Соир", чопи Белгия гуфтааст, Иттиҳоди Аврупо мисли ҷанини модел ва ё тарҳест, ки бар пояи он кишварҳо метавонанд истиқлолияти худро дар ҷаҳон бо ҳам бубинанд , истиқлолиятро ҳамчун арзиши умумӣ бишиносанд. Аммо аз сӯи дигар чун вақти амал мерасад, Иттиҳод ба истилоҳ кӯтоҳӣ нишон медиҳад. Антонио Миссироллӣ раҳбари пажӯҳишгоҳи Маркази Сиёсати Аврупо мегӯяд, Иттиҳоди Аврупо метавонад дар саҳнаи байналмилалӣ нақши густарда касб кунад.

Аммо то вақте, ки кишварҳои узви он манофеи худро болотар аз манофеи умумӣ мегузоранд, расидан ба ин ҳадаф имконнопазир хоҳад буд. Ба сурати умум дар бисёр ҳолатҳо Иттиҳоди Аврпуо ба истилоҳ аз "дипломатияи хомӯшона" кор мегирад, зеро барои фаротар рафтан аз он фишанге надорад. Агар мехоҳад ҳарфаш муассир бошад ё бояд ба НАТО рӯ биёрад ё дар ниҳояти амр ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико.

Бо он ки ақоиду арзишҳои замони ҷанги сард дигар моли таърих шудаанд, ҳоло Амрико низ манофеъи миллии худро аз идеалҳо болотар мегузорад ва шарикони худро низ аз ҳамин зовия интихоб мекунад. Сиёсатмадорони Аврупо инро хуб медонанд.
Дабри кулли НАТО, собиқ нахуствазири Дания Андерс Фоғ Расмуссен дар робита ба барномаҳои Амрико дар Афғонистон дар суҳбат бо нашрияи "Le Soir" гуфтааст, агар Аврупо ин тавонро надорад, ки аз ҷиҳати низомӣ китф ба китф бо Амрико дар Афғонистон бошад, пас мо бо хатар мувоҷеҳ хоҳем шуд."

Даниэл Корски, таҳлилгари бахши равобити байналмилалии Шӯрои Аврупо дар Лондон гуфт, саранавишти рисолати Амрико дар Афғонистон таъинкунандаи сарнавишти НАТО нест. Аммо дар ниҳояти амр метавонад барои паймон харобиовар бошад.

Хатари шикасти Амрико дар Афғонистон аз нигоҳи коршиносон ва сиёсатмадорон воқеъӣ ба назар мерасад. Дабири кулли Нато Расмуссен аз он нигарон аст, ки агар Амрико номуваффақ шавад, афкори умум дар ин кишвар комилан бар зидди ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад буд ва дар чунин ҳолат НАТО маҷбур мешавад, ки ба низоъҳои густарда дахолат кунад.

Нуктаи дигари қобили зикр мавқеъи Иттиҳоди Аврпуо дар баробари ҳамсояҳои наздикаш аст, ки на ба пояи идеология, балки дар заминаи хоҳишҳои амалгароёна ё прагматикӣ ба роҳ монда шудааст. Ва суоли калидӣ ин аст, ки оё Иттиҳод ба кишварҳое, ки на бо ҳама дастурҳои он розӣ ҳастанд, узвияти дарозмуддат ваъда мекунад ё не. Баъзе коршиносон мегӯянд, ки бо ин ҳол ҳамсояҳои шарқии Иттиҳоди Аврупо дар муқоиса бо панҷ соли пеш заъфпазиртар шудаанд.

Ниҳоди дигар, ки аз он умдатан ҳамчун бозори суханфурушӣ ном мебаранд, Созмони Милали Муттаҳид аст, ки натавонистааст мавқеъи ягонаи кишварҳо дар ҳалли бӯҳронҳои феълӣ, хоҳ Эрон бошад, хоҳ Ховари Миёна ва ё ҳатто мавзӯи тағйири иқлимро ба даст биёрад. Ҳамин гуна сарнавишт ба Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо -- бародари хурди Созмони Милали Муттаҳид насиб шудааст. Соли 2010 раҳбарии ин созмон ба Қазоқистон ба кишваре мегузарад, ки барои поймол намудани ҳуқуқи башар пайваста мавриди интиқод аст.
XS
SM
MD
LG