Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон боз ба Русия газ медиҳад


Ишқобод ва Маскав ба тавофуқ расиданд, ки баъд аз инфиҷор дар лӯлаи гази Туркманистон-Русия дар моҳи апрел, яъне баъд аз таваққуфи 9-моҳа интиқоли газро ба Русия аз сар гиранд.

Ҷонибҳо дар ин бора рӯзи 22-юми декабр дар Ишқобод дар ҷараёни боздиди Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия аз Туркманистон қарордод имзо карданд. Бо имзои ин қарордод мубоҳисоти нӯҳмоҳаи миёни ин ду кишвар ба поён расид.

Боздиди Дмитрий Медведев аз Туркманистон баъд аз як ҳафтаи оғози баҳрабардории лӯлаи нави гази Туркманистону Чин сурат мегирад. Тавассути ин лӯлаи нав акнун содироти гази Туркманистон ба хориҷ на танҳо аз қаламрави Русия сурат мегирад, балки самти он низ тағйир кард ва Туркманистон барои худ роҳро ба сӯи шарқ низ боз кард. Ҳоло бо ин боздид Дмитрий Медведев, зоҳиран, мехоҳад сардиҳоеро, ки дар муддати нӯҳ моҳи гузашта дар муносиботи миёни Русияву Туркманистон ба вуҷуд омада буд, бартараф созад. Дар ҷараёни музокироти рӯзи сешанбе дар Ишқобод бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов Медведев Туркманистонро "дӯсти наздик" номид.

Дар ин боздид Дмитрий Медведевро Александр Медведев, муовини ширкати "Газпром"-и Русия ҳамроҳӣ мекунад. Вай ба хабарнигорон гуфт, ҳар ду раисҷумҳур бо ҳам машварат мекунанд, ки оғози интиқоли гази Туркманистон ба Русия, он гуна, ки дар қарордод омадааст, 10-уми янар шурӯъ нашавад, балки 1-уми январ шурӯъ шавад. Раисҷумҳури Русия мегӯяд, дар ин қарордод пешбинӣ шудааст, ки Русия соле 30 миллиард метри мукааб аз Туркманистон газ бигирад ва он аз се ду ҳиссаи меъёри солҳои ахирро ташкил медиҳад.

Таъйини нархи хариду фурӯши газ дар давоми музокироти якмоҳаи ҷонибҳо аз масъалаҳои калидӣ ба шумор мерафт. Медведев афзуд, дар таърихи муносиботи Русияву Туркманистон бори аввал тибқи тавофуқоти ба дастомада судури газ бо назардошти меъёрҳои бозори аврупоӣ анҷом мегирад. Туркманистон дар музокирот пофишорӣ мекард, ки тибқи қарордоди мавҷуда Русия бояд бо нархҳои аврупоӣ газ харидорӣ кунад, вале Русия мегуфт, нархи газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ поин рафтааст.

Коршиносон мегӯянд, баъд аз инфиҷори лӯлаи газ Туркманистон ҳар моҳ тақрибан 1 миллиард доллар аз даст медод ва ҳоло гушоиши лӯлаи гази Туркманистону Чин туркманҳоро дар ин замина аз инҳисори Русия раҳо кардааст. 14-уми декабр дар маросими гушоиши ин лӯлаи газ руасои ҷамоҳири Туркманистону Чин ва Қазоқистону Ӯзбакистон ширкат ҷустанд, зеро ин лӯла аз қаламрави Ӯзбакистону Қазоқистон ҳам мегузарад. Қарор аст, дар поёни моҳи ҷорӣ лӯлаи дигари нави Туркманистон тавассути қаламрави Эрон низ боз шавад.
XS
SM
MD
LG