Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли нав ва ҷавонони тоҷик


То фарорасии соли нави милодӣ чанд рӯзи дигар мондааст. Наздикшавии ин ҷашнро метавон аз хиёбонҳои оро дода шуда ва бозорҳову фурӯшгоҳҳои Душанбе эҳсос кард.

Чун ҳанӯз аз як моҳи пеш дар аксари растаҳо ва ҳатто роҳравҳо - арчаҳои мухталиф, бозичаҳои ороишӣ, ниқобҳову шириниҳои солинавӣ ба фурӯш гузошта шудаанд.

Дар бозори Шоҳмансур диққати маро як тӯҳфаи ба истилоҳ оригиналии солинавӣ ҷалб кард. Дар роҳраве марде бо писараш дар матоъҳои сафед ҳудуди ним соат моҳирона арчаву бобои барфиро нақшдузӣ мекард ва ин маҳсули дасти онҳо аз 30 сомонӣ ба боло нарх гузошта шуда буд.

Дар ин шабу рӯз бештар аз ҳама бозори тоҷирони маҳсулоти марбут ба таҷлили соли нав гарм аст, аммо баҳсҳо низ дар гирди таҷлили ин ҷашн торафт метасфад. Соли нави мелодӣ, ки дар Тоҷикистон дар авоили даҳаи 1920 бо пазириши тақвими милодӣ расм шуд, ҳамакнун, дар миёни гурӯҳе сокинони кишвар чун ҷашни масеҳӣ ном буруд мешавад. Яъне, ҳоло бархе аз ҷавонон бо ишора ба он ки 90 дарсади сокинони Тоҷикистон аз ислом пайравӣ мекунанд, таҷлили ин ҷашнро қобили қабул намедонанд. Дар ҳоле ки дар замони Шӯравӣ таҷлили Соли нав на ба маънои таҷлили милоди Масеҳ, балки ба маънои поёни соли корӣ ҷашн гирифта мешуд.

Як мусоҳиби 32 солаи мо, ки аз бурдани ному насбаш худдорӣ кард, гуфт, натанҳо худаш, балки намегузорад хонаводааш низ аз ин ид таҷлил кунанд. Карим, яке аз дигар мусоҳибони мо, ки ҳоло 23 сол дорад, мегӯяд, дар кӯдакӣ ба мисли дигар ҳамсолонаш омадани соли нави милодиро интизори намекашид ва дар манзилашон низ арча гузошта намешуд. Зеро, ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, падараш ба вай ҳамеша аз он мегуфтааст, ки ҷашни соли нав иди ғайримусулмонист ва таҷлил аз он гуноҳ аст.

Дар ин чанд соли ахир рӯҳониёни тоҷик низ дар сӯҳбатҳо ва амри маъруфҳои худ ба мавзӯъи милоди Масеҳ ҳам ишора карда ва таҷлили онро бо русуми масеҳӣ ҷоиз надонистанд. Ҳарчанд онҳо ба Исои Масеҳ ба унвони як пайғамбар эҳтиром қоил будаанд. Илҳом, як ҷавони дигар, ки соли навро ҳамасола бо наздиконаш ҷашн мегирад, яке аз сабабҳои мухолифатҳо ба таҷлили соли навро дар истеъмоли аз меъёр зиёди машруботи алкоголӣ дар ин ҷашн мебинад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар яке аз суханрониҳояш таъкид кард, ки ба мисли дигар ҷашнҳо соли нав низ бояд дар доираи танзим ва бидуни исрофкорӣ таҷлил шавад. Дар авоили ҳамин сол баъзе аз коршиносон ҳатто дар чанд соли наздик лағв шудани таҷлили соли навро ҳадс зада буданд. Аммо расми таҷлил аз Соли нави милодӣ дар аксар хонаводаҳои тоҷик ҳамчунин ҳифз мешавад. Аз ҷумла, яке аз мусоҳибони мо мегӯяд, ҷашни соли нав динӣ набуда, ҷашни байналмилалист, ки таърихи беш аз нимасара дорад. Ва ӯ ин ҷашнро аз ин ба баъд низ таҷлил хоҳад кард. Ин мусоҳибамон меафзояд, ҳамасола дар рӯзи таҷлили Соли нави мелодӣ бо аҳли оилааш манзилро бо арча - рамзи соли навӣ оро медиҳад ва дар гирди дастархони идона расидани соли навро пешвоз мегирад. Ба гуфтаи вай, муҳимтар аз ҳама барояш хурсандии кӯдаконаш аст, ки дар атрофи арча гирди ҳам меоянд ва боз як соли наверо дар ҳаёти худ истиқбол мегиранд.
XS
SM
MD
LG