Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай дар муқобили интиқодҳо, аз ашхосе, ки ба узвияти кобинаи наваш интихоб кардааст, ҳимоят кард.

Зимни суханронӣ дар нишасти матбуотии муштарак бо нахуствазири Белгия Ивес Летерме, ки аз Кобул боздид мекунад, Карзай гуфт, агар ягон узви кобинааш дар фасод гумонбар шавад, ҷавоб хоҳад дод. Раҳбари Афғонистон афзуд, дар ҳукумати нав намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои қавмии кишвар ҳастанд.

Карзай ахиран ба порлумони кишвар феҳристи расмии номзадҳои ҳукуматашро ироа намуд. Тибқи қонун қабл аз таъин шудан ба мақом номзадии ҳар яке аз ин 23 номзадро бояд қонунгузорон тасдиқ кунанд. Карзай дар мавриди ташкили ҳукумати нав мавриди фишори шадиди Ғарб қарор дошт. Кишварҳои ғарбӣ аз вай талаб мекарданд, ки ҳукуматашро аз фасод ва раҳбарияти нодуруст тоза кунад.

Нахуствазири Белгия Летерме бори дигар тасдиқ намуд, ки кишвараш ба Афғонистон ёрии молӣ ва низомӣ хоҳад кард. Дар таркиби нерӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон 500 афсару сарбози Белгия шомиланд. Вай афзуд, талошҳо давомдор ҷиҳати ҳукуматдории хуб ва аз байн бурдани фасод мавзӯъҳои муҳиманд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад ин равандҳоро дар Афғонистон мушоҳида кунад.

Дар феҳристи пешниҳодшудаи Карзай аксарияти вазирони собиқе, ки Ғарб аз онҳо пуштибонӣ мекунад, назири вазири дифоъ Абдулраҳим Вардак, вазири умури дохила Муҳаммадҳаниф Атмар ва вазири молия Ҳазрат Умар Захелвол боқӣ мондаанд. Вазирони маъданҳо ва умури ҳаҷ, ки дар сирқати маблағҳои бузурги кишварҳои сармоягузор айбдор мешаванд, ба ин рӯйхат ворид нагаштанд. Аммо ҷангсолори собиқ ва вазири энержӣ ва об Исмоилхон, ки ӯро дар нақзи ҳуқуқи инсон муттаҳам мекарданд, ҳамоно миёни номзадҳо боқӣ мондааст.

Баъзе аз вакилони порлумон феҳристи номзадҳои Карзайро ба боди танқид кашиданд. Онҳо раисҷумҳурро ба он муттаҳам карданд, ки натавонист ба ҳукуматаш ислоҳот ворид кунад, ҳарчанд, ки ин нахустин озмоиши ваъдаи тағйири хатти маши давлатдориии Карзай буд. Ба ақидаи ин вукало, Карзай вазиронеро, ки аз ӯҳдаи кор набаромаданд, ҳамчунон, нигоҳ доштааст ва ашхосеро ба мақомҳои баланд таъин кардааст, ки на ба ҳукумат, балки бештар ба ҷангсолорон содиқ хоҳанд буд.

Вазири корҳои хориҷа Додфар Рангин Спанта ба истеъфо рафт, аммо ҷойгузинаш ҳанӯз эълон нашудааст. Карзай гуфт, аз Спанта хостааст, то баргузории конфронси байналмилалии Афғонистон дар Лондон, ки қарор аст, рӯзи 28-уми январ оғоз ба кор кунад, ба иҷрои вазифааш идома диҳад.

Миёни номзадҳо ба узвияти кабинаи нави вазирони Афғонистон танҳо як номзади зан ҳаст ва ин ҳам Ҳуснбону Ғазанфар, ки ба мақоми вазири умури занҳо пешниҳод шудааст. Карзай гуфт, нақша дорад, ки вазорати нави савод ташкил кунад ва раҳбарияти ин вазоратро низ зан бар ӯҳда хоҳад дошт. Вай инчунин гуфт, чанд занро ба мақомҳои муовини вазирон таъин хоҳад кард.

Карзай инчунин аз шаҳрдори Кобул ҳимоят кард, ки моҳи ҷорӣ барои фасод ба чаҳор соли зиндон маҳкум шуд. Вай гуфт, ӯҳдадор аст, ҳар касеро ки поку ростгӯст бошад, дифоъ кунад.
XS
SM
MD
LG