Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Обама ба иттиҳоди иродаҳо


Президенти Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, дар ҳамоиши ҷаҳонии тағйири иқлим дар Копенҳаген аз сарони ҷаҳон хост, созишномаи муборизаи муштарак бо гармоиши ҷаҳониро бо вуҷуди норасоиҳояш ба тасвиб расонанд.

Даъвати Обама дар ҳоле садо дод, ки сарони зиёда аз 100 кишвар ва ҳукуматҳо дар охирин рӯзи конфаронси Созмони Милал ҷамъ омаданд, вале матни ниҳоии ин анҷуман дар натиҷаи баҳсу норозигиҳо нотамом боқӣ монд.

Обама дар чунин вазъият саволи мушкилеро дар миён гузошт, ки аз ин баъд оё кишварҳо якҷоя ҳаракат хоҳанд кард ё ҳама аз ҳамдигар
Ин чораҳо набояд ба истиқлолият халаловар ё мухолиф бошанд. Аммо бояд нишон диҳанд, ки аҳднома қобили эътимод аст...
ҷудо хоҳанд шуд.

Тақрибан ба ҳамин маънӣ, пеш аз Обама, Дабир кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун пурсишеро пеш гузошт, ки оё мо Милали Муттаҳид ҳастем ё кадом чизи дигар.

Ва дар ҳоле ки Бан низ аз пешрафтҳо ва наздикии бештари кишварҳо изҳори хушбинӣ кард, Обама гуфт, бо вуҷуди камбудиҳояш бояд санади ниҳоии Копенҳаген ба тасвиб расад, то талоши ҳар кишвар дар коҳиши бухорҳои гулхонаӣ ба таври шаффоф намудор гардад: "Мо бояд механизми санҷишие дошта бошем, ки раванди иҷрои ваъдаҳои моро нишон диҳад ва табодули маълумотро ба таври шаффоф таъмин намояд. Ин чораҳо набояд ба истиқлолият халаловар ё мухолиф бошанд. Аммо бояд нишон диҳанд, ки аҳднома қобили эътимод аст ва мо ӯҳдадориҳои худро иҷро мекунем. Бе ин ҷавобгарӣ, ҳама гуна қарордод сухани пучи рӯи коғаз хоҳад буд."

Ин паёми ошкоре ба Чин буд, ки кишварҳои доро онро дар мумониат ба талошҳои Созмони Милал барои бозрасии мустақилонаи бухорҳои гулхонаӣ айбдор мекунанд. Аммо сарвазири Чин, Вен Ҷябао, ки лаҳзаҳое пеш аз Обама суханронӣ мекард, гуфт, кишвараш ба таври ихтиёрӣ барномаи худро амалӣ хоҳад кард ва дар ин масъала вориди табодулу ҳамкории густарда бо ҷомеаи байнулмилалӣ хоҳад шуд.

Зимнан, аксари кулли кишварҳо дар ҳамоиши ҷаҳонии Копенҳаген гуфтанд, бо тағйири иқлим мубориза хоҳанд кард, вале бахши аъзами онҳо аз имзо кардан ба аҳдномаи ниҳоии ин ҳамоиш худдорӣ намуданд.

Дар пешнависи ин санад гуфта мешавад, афзоиши ҳарорат дар маҳдудаи 2 дараҷаи Селсия ҳифз карда шавад ва кишварҳои сарватманд то соли 2020 бояд солона 100 миллиард доллар ба кишварҳои бенаво диҳанд, то дувумиҳо битавонанд, иқтисодиёти худро ба шароити тағйири иқлим мусоид гардонанд. Вале дар созишномаи ҷои саҳми кишварҳо, махсусан кишварҳои доро дар коҳиши бухорҳои гулхонаӣ холӣ боқӣ мондааст, зеро ҳар кишвар арқому адади дилхоҳи хешро пеш мегузорад.

Обама ширкаташро дар ҳамоиши ҷаҳонии Копенҳаген аз мулоқот бо сарони Британия, Фаронса ва чанд кишвари дигар шурӯъ кард. Қарор аст, дар ҳошияи анҷуман ӯ ҳамчунин бо раҳбарони Чин, Русия ва Бразилия низ дидору гуфтугӯ кунад.
XS
SM
MD
LG