Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсу даъвои ду ҳизби сиёсии Тоҷикистон


Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон мегӯяд, алорағми эҷоди мавонеъ аз сӯи давлат, ин ҳизб дар интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2010 ширкат ва аз рақибони аслии ҳизби ҳокими халқӣ - демократ, ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар хоҳад шуд.

Ин матлаб дар ҷараёни баргузории маҳфили навбатии «Аҳзоби сиёсӣ ва интихоботи порлумонӣ», рӯзи 17-уми декабр ба ибтикори созмони ҷамъиятии «Журналист» ва бо ҳимояти молии сафорати Британия, дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баён гардид.

Дар ин маҳфил аксарияти мақомоти раҳбарии Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон ширкат доштанд. Аммо Ҳизби ҳокими халқӣ - демократи Тоҷикистонро Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии ин ҳизб ва ду тани дигар, ки аз масъулони сатҳи поёнии ин ҳизб буданд, намояндагӣ карданд.

Ҳарчанд чунин амалкард, мояи нигаронии ҳозирин гардид, аммо Усмон Солеҳ сабаби ширкат накардани Давлаталӣ Давлатзода, муовини аввали раҳбари ҳизби халқӣ - демократи Тоҷикистонро дар масруф будани вай ба корҳои омодагӣ ба анҷумани ҳизб марбут донист.

Гуфтугӯи рӯ ба рӯи масъулони ду ҳизби сиёсӣ дар ин маҳфил дар ҳоле сурат гирифт, ки Ҳизби сотсиал – демократ ба иллати узви Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон набудан, ба нишасти ғайринавбатии ин шӯро бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон, дар ду ҳафтаи пеш даъват нашуд.

Аз сӯи дигар, раисҷумҳури Тоҷикистон се рӯзи пеш бо эъломи таърихи баргузории интихоботи порлумонӣ, ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро таъин кард, ки намояндаи ҳизби сотсиал – демократ низ шомили ин ҳайат нашуд. Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал – демократ гуфт, ҳарчанд чунин мавонеъ аз сӯи давлат дар ин авохир сурат мегирад, аммо ин ҳизб дар интихоботи қарибулвуқӯъ рақиби аслии ҳизби ҳоким хоҳад буд.

Зоиров таъкид кард, ки Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон ҳамеша ва дар интихоботи моҳи феврал ба табақаи миёнаи аҳолии ин кишвар такя хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки Иброҳими Усмон, таҳлилгари масоили сиёсии Тоҷикистон, иллати то ҳол муваффақ нашудани ҳизби сотсиал– демократ ба ҳадафҳояшро дар ҳамин медонад, зеро, мегӯяд, ӯ, дар Тоҷикистон ҳанӯз қишри миёна ба вуҷуд наомадааст. Ҳамакнун гуфта мешавад, табақаи миёна дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳудуди 10 дар садро ташкил медиҳад.

Аммо бо он ки Иброҳими Усмон аз Ҳизби халқӣ - демократи Тоҷикистон ба унвони ҳизби умумимиллӣ ном бурд ва аммо гуфт, бештари мақомоти раҳбарии ҳукуматҳои шаҳрҳо ва ноҳияҳои ин кишвар, дар маҳаллҳо раҳбарии созмонҳои ҳизбиро дар ихтиёр доранд, ки бар нуфузи ҳизб ва таъсири он дар ҷомеа меафзояд. Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии ҳизби халқӣ - демократ дар посухи ин иддао гуфт, дар гузашта чунин усуле вуҷуд дошт, аммо ҳоло ин шева аз байн рафтааст ва раисони шаҳрҳо ва ноҳияҳо масъулиятеро надоранд.

Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон, гуфт, ҳизби халқӣ - демократ дар интихобот, чанд курсии порлумонро ба ҳизбҳои дигар, ки мавриди ҳимояти давлат қарор доранд, хоҳад дод. Усмон Солеҳ ин даъворо рад кард ва гуфт, ҳизбҳо ва номзадҳои ҳизбро халқ дар интихобот интихоб мекунад. Ӯ гуфт, ҳар ҳизб на камтар аз 15 ҳазор, масалан ҳизби кишоварзӣ аъзо дорад ва имкони ворид шудан ба порлумонро хоҳанд дошт.

Усмон Солеҳ гуфт, ҲХДТ дар интихоботи порлумонии моҳи феврали соли оянда талош хоҳад кард, то теъдоди вакилон аз ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагон бештар шавад. Интизор меравад, ҳафтаи оянда анҷумани ин ҳизб бо ширкати ду ҳазор аз вакилони он дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор шавад, аммо ҳамакнун маълум аст, ки Ҳизби халқӣ - демократ 22 нафарро ба феҳристи ҳизбӣ барои ширкат дар интихобот ба КМИР пешниҳод кард. Ҳамчунин ин ҳизб мақсад дорад дар куллия 41 ҳавзаи интихоботӣ номзадҳои ҳизбро муаррифӣ кунад. Аммо дар муқобил ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон ҳанӯз тасмими ниҳоиро барои ворид кардани номзадҳо ба феҳристи ҳизбӣ барои ширкат дар интихобот нагирифтааст. Анҷумани ин ҳизб ба таърихи 20-уми декабр, яъне то се рӯзи дигар дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG