Пайвандҳои дастрасӣ

Президенти Тоҷикистон дар ҳамоиши Копенгаген роҷеъ ба тағйири иқлим бар иловаи пешниҳодаш дар бораи ташкили фонди байнулмилилаии ҳифзи пиряхҳо аз СММ тақозо кард, то масъалаи низоми баҳрабардорӣ аз захоири об дар ОМ ва таъсири он ба тағйири иқлимро ҳамаҷониба баррасӣ кунад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки масрафи бемасъулиятонаи об ва обёрӣ кардани заминҳои қумзор ва сохтмони обанборҳои азим дар кишварҳои поиноб боиси тағйири иқлим ва хушкидани дарёи Арал шуд. Гузашта аз ин, дар кишварҳои поиноб нерӯгоҳҳои ҳароратие сохта шудааст, ки солона миллионҳо тонна газҳои гулхонаиро ба фазо партоб мекунад ва боиси афзоиши гармӣ дар ҷавви замин (атмосфера) ва зуд обшавии пиряхҳо шудааст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки захираҳои энержии Тоҷикистон тавони тавлиди 527 миллиард киловатт соат нерӯи барқро дар сол дорад, ки се баробар бештар аз ниёзи мардуми Осиёи Марказӣ ба барқро ташкил медиҳад. Тавлиди ин миқдор нерӯи барқ ба табиат ва иқлим таъсири зиёд намерасонад.

Бархе аз коршиносон ин пешниҳодҳои президенти Тоҷикистонро вокуниш ба иқдоми руасои ҷумҳури Узбакистон ва Туркманистон хондаанд, ки ахиран дар Ишқобод эълом доштанд: Бидуни экспертиза ё баррасии ҳамаҷониба коршиносони хориҷӣ дар кишварҳои болооб нерӯгоҳу обанборҳо сохта нашавад. Дар ҳоле, ки ҳар ду аз ин кишвар аз захираҳои оби Тоҷикистон истифода мекунанд.

Профессор Яраш Пӯлодов, мудири кулли пажӯҳишгоҳи гидротехникӣ ва мелиоратсияи Вазорати обу обёрии Тоҷикистон, моҳияти пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмон дар Копенгагенро чунин тавзеҳ дод:

«Низоми баҳрабардорӣ аз об дар ОМ аз сӯи кишварҳои поиноб ба баррасии ҷиддӣ ниёз дорад. Президенти мо ин пешниҳодҳои моро қаблан ҳам карда буд. Вале дар гуфтугӯҳои минтақавӣ аз сӯи ҳамсояҳои мо пуштибонӣ наёфт. Зарурати ҳамчунин экспертиза дар чист? Мисол, дар Туркманистон обанборе бо номи «Асри тиллоӣ» сохта мешавад. Дар Узбакистон сохтмони обанборҳо идома дорад, ки бидуни машварат бо мо ва бидуни экспертизаи байнулмилалӣ сурат мегирад. Ин барои мо муаммо аст.»

Профессор Пӯлодов гуфт, беш аз 92 фоизи об дар Осиёи Марказӣ барои кишоварзӣ масраф мешавад ва аз ин 45-50 дарсади он беҳуда масраф мешавад. Тақозои президенти Тоҷикистон низ ҳамин аст, ки аз масрафи беҳудаи об ҷилавгирӣ шавад.

Пешниҳоди дигари раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ташкили Бунёди байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо низ ба мавзӯъи захираҳои об ва одилона истифода бурдан аз он рабт дорад. Ба гуфтаи Зайниддин Мӯсоев, дотсенти кафедраи факултаи ҷуғрофиёи Донишгоҳи омӯзгорӣ, ки ба таҳқиқи пиряхҳои Тоҷикистон машғул аст, «ҷузъ партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо аз нерӯгоҳҳои ҳароратӣ ва корхонаҳо дар ОМ, омили дигари минтақавӣ низ вуҷуд дорад. Аз ҷумла, хоку ғуборе, ки тавассути бодҳои ғарбӣ болои пиряхҳо мехобад. Қабати хоку ғубори болои пирях нури офтобро ба худ мегирад ва дар натиҷа яхҳо тез об мешавад.»

Ба ҳамин далел, Зайниддин Мӯсоев, ташкили Бунёди байнулмилалии ҳифзи пиряхҳоро муҳим ва муассир хонд. Ба шарте, ки ба гуфтаи вай, маблағҳои ин фонд барои таҳқиқу омӯзиши пиряхҳо масраф шавад, на мушобеҳи бунёди Арал, ки ҷузъ дипломатҳо мутахассисе ба ин фонд ҷалб нашудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Мӯсоев, агар як далели коҳиши захираҳои об зуд об шудани пиряхҳо бошад, далели дигар ба фаъолияти мардуми худи Тоҷикистон рабт дорад, ки садҳо ҳазор гектар ҷангалзорҳоро нобуд кардаанд. Ҷангалзорҳои манбаъи аслии нигаҳдории намӣ ва захираҳои обии зеризаминист, ки дар чанд соли ахир аз як миллиону 600 ҳазор гектар ба 800 ҳазор гектар расидааст. Агар аз буридани ҷангалҳо дар кӯҳу доманакӯҳҳо ҷилавгирӣ нашавад, дар оянда худи Тоҷикистон ба камбуди об рӯбарӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG