Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номнависи масҷидҳо хотима меёбад


Яке аз масҷидҳои басташуда дар шаҳри Душанбе.
Яке аз масҷидҳои басташуда дар шаҳри Душанбе.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, то анҷоми номнависи такрории муассисаҳои динӣ дар кишвар камтар аз ду ҳафтаи дигар боқӣ мондааст. Ин амр дар пайи қабули қонуни нави дин дар тобистони соли ҷорӣ ҳатмӣ шуд.

Ҳабибулло Анақулов, як масъули сабтиноми муассисаҳои динӣ дар вазорати фарҳанг, ба Радиои Озодӣ гуфт, то кунун бештар аз 1 ҳазору 500 муассисаи диниро сабтином кардаанд, вале ба таъйиди ӯ, ҳанӯз бештар аз 2 ҳазор муассисаи динии дигар дар интизори дарёфти муҷаввиз барои фаъолияти худанд: “Зиёда аз 1 ҳазору 500 муассисаи динӣ аз қайди дубора гузаштаанд. Асноди боқимондаи муассисаҳои динии кишвар ҳанӯз дар дасти коршиносони раёсати дин аст. Онҳо аснодро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додаанд. Интизор меравад дар рӯзҳои наздик аз қайди давлатии диншиносӣ гузаранд ва соҳиби иҷозаи фаъолият шаванд”.

Оқои Анақулов дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, ҳангоми сабтиноми такрории муассисаҳои динӣ санади ҳеҷ як аз масҷиду ҷамоатхона ва ё калисову маъбад рад нашудааст. Вале ӯ гуфт, даҳҳо муассисаи динӣ то ҳоло асноди ибодатгоҳҳои худ барои номнависи такрориро пешниҳод накардаанд.

Созмони яҳудиёни Тоҷикистон яке аз созмонҳои динии ғайриисломӣ дар кишвар аст, ки барои сабтиноми такрорӣ ба вазорати фарҳанг муроҷиат накардааст. Михаил Абдураҳмонов, хохоми канисаи яҳудиён дар Душанбе, дар як тамоси телефонӣ гуфт, онҳо то замоне ки манзили ба ҳадягирифтаи худ аз Ҳасан Асадуллозода, раҳбари “Ориёнбонк” ва додарарӯси раиси ҷумҳурро ба номи худ сабтином накунанд, наметавонанд аснод барои номнависи такрориро пешниҳод созанд.

Ин дар ҳоле ки ба гуфтаи мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон, созмонҳои диние, ки аз сабтиноми такрорӣ намегузаранд, ҳаққи фаъолияти худро ба унвони як созмони динӣ аз даст хоҳанд дод. Дар ин бора дар як сӯҳбаташ бо пойгоҳи Форум 18 Идибек Зиёев, масъули раёсати умури дин дар вазорати фарҳанг, низ таъкид кардааст.

Ҷараёни сабтиноми такрории созмонҳои мазҳабӣ қарор аст, то охири моҳи декабри соли 2009 идома кунад ва барои сабти номи дигарбораи созмонҳои мазҳабии фаъол дар кишвар дар ин муддат ҳеҷ гуна маблағ ситонида намешавад. Аммо мақомот мегӯянд, аз соли оянда раванди сабтиноми муассисаҳои динӣ бо пардохти маблағи муайян имконпазир хоҳад шуд. Барои сабтиноми такрорӣ масъулони созмонҳои мазҳабӣ бояд панҷ ҳуҷҷат, аз ҷумла ариза барои сабт, феҳристи муассисон, нишонаи маҳалли ибодатгоҳу шумори аҳолӣ ва низомномаи фаъолияташонро ба мақомот пешниҳод кунанд.

Сайидаҳмади Қаландар аз коршиноси умури мазҳаб дар Тоҷикистон сабтиноми такрорӣ барои мақомоти кишварро зарур медонад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, тайи чанд соли ахир масоҷид ба баҳсгоҳи пайравони мазоҳиб ва эҷоди ҷараёнҳои мухталиф табдил шудааст: “Аз ин нуқтаи назар ин мусбат аст. Хоҳ шӯрои уламо бошад, хоҳ раёсати умури дин ва ҳар мақоме, ки аз нигоҳи қонун масоили динро танзим мекунад, бояд донад, ки муассисаҳои динӣ ба кадом кор машғул аст, кадом муҳитро дар бар мегирад. Ин барои нигоҳ доштани мазҳаби суннатие, ки бештар аз 1400 сол боз боиси ихтилофи мазҳабӣ нашудааст, мусоидат мекунад”.

Аммо иддае аз коршиносон ин ҳамаро ташдиди назорат аз болои муассисаҳои динӣ аз сӯйи давлат медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, давлат дар ин чанд соли ахир талош кардааст, ки дасти худ болои назорати муассисаҳои диниро боз ҳам дарозтар кунад.

Бархе аз имомхатибони масоҷид ҳам мегӯянд, давлат ҳатто кӯшиш кардааст, ин бор сабтиноми масоҷиди панҷвақтаро, ки дар гузашта дар маҳалҳо анҷом мешуд, ба марказ кӯчонад, ки низ як намунаи дигари талошҳо ба хотири таҳти назорати худ овардани фаъолияти муассисаҳои динӣ аз ҷониби мақомот талаққӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG