Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши беморони зукоми хук дар Тоҷикистон


Намояндагии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар Тоҷикистон эълом кард, ки то кунун дар ин кишвар 14 мавриди гирифторӣ ба бемории зукоми хук сабт шудааст. Қаблан шумораи чунин беморон 7 нафар эълон шуда буд.

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон ҳам ин хабарро таъйид намуд ва гуфт, ки аз ин миён 9 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ва 5 тани онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Крейг Ҳемптон – намояндаи барномаи вокуниши сареъи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба Радиои Озодӣ доир ба густариши зукоми хук гуфт: “Дар Тоҷикистон зукоми хук ба андозае, ки густариш меёбад, ки дар саросари ҷаҳон мебинем. Дар маҷмӯъ чун дар дигар кишварҳои дунё тахмин мешавад, ки дар давоми мавсими зимистон, ҳудуди бист дар сади мардум ё ба бемории зукоми маъмулӣ ва ё зукоми хук мубтало хоҳанд шуд. Ва мо тахмин мекунем, ки аз он миён 50 дар сад, ё мубталои зукоми зукоми хук мешаванд ва ё мубталои зукоми мавсимии маъмулӣ. “

Аммо гуфт, Крейг Ҳемптон то кунун ягон мавриди марг аз бемории зукоми хук дар Тоҷикистон сабт нашудааст. Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт афзуд, ҷиҳати ҷилавгирӣ аз доман задани ин беморӣ дар Тоҷикистон ҳафтаи оянда тадобири бештари беҳдоштӣ амалӣ хоҳад шуд. Ва созмони онҳо ба Тоҷикистон барои табобати афроди гирифтор миқдоре аз доруи тамифлу ҳам интиқол додааст.

Корманди дафтари матбуоти Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, Майсара Қурбонова дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт: "Мувофиқи маълумоте, ки имрӯз ба мо сардори Раёсати хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, Наврӯз Ҷаъфаров дод, то имрӯз намунаҳои 400 нафар бо шубҳаи беморӣ ба таҳқиқ фиристода шудааст ва аз онҳо то ҳол 225 намуна ташхис дида, аз байни онҳо ҳамагӣ 14 нафар мубталои бемории зукоми хук муайян шуданд. Ҳамаи онҳо сокинони шаҳри Душанбеянд ва ду нафари онҳо кӯдакони то 11-солаанд."

Сухангӯ афзуд, ҳамаи беморон таҳти муоинаи пизишкон қарор дошта, ҳолашон хуб аст ва ҳоҷат ба ягон воҳима ё тарсу ҳарос дар миён нест. Вале дар ҳамин ҳол хабарнигорони радиои Озодӣ мегӯянд, пас аз як маъракаи таблиғотии бастани ниқоб барои пешгирӣ аз сирояти зукоми хук мардум дигарбора худро хеле амну роҳат ҳис карда, аз чораҳои эҳтиётӣ қатъи назар мекунанд.
XS
SM
MD
LG