Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози донишҷӯёни Кӯлоб ба буридани дарахтҳо


Иддае аз донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб субҳи 14-уми декабр бар зидди бурридани чанорҳои саҳни ин Донишгоҳ эътироз карданд.

Каримҷон Қодиров, ректори Донишгоҳи мазкур, мегӯяд, тақрибан соатҳои 10 ба 11-и субҳ, замоне, ки дар синфхонаҳо дарс идома дошт, кормандони идораи ҳифзи муҳити зист бо ҳамдастии дигар намояндагони ҳукумати маҳаллӣ даст ба бурридани чанорҳои кӯҳансол заданд. Ба гуфтаи ҷаноби Қодиров, аз як сӯ онҳо бидуни иҷозаи маъмурияти Донишгоҳ чунин иқдом пеш гирифта бошанд, аз сӯи дигар, бо баланд кардани садои дастгоҳҳои дарахтбуррӣ ба ҷараёни таълим халали ҷиддӣ расонидаанд.

Дар посух ба гуфтаи ректори Донишгоҳ, Исроил Назаров, сардори идораи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, онҳо бо иҷоза ва супориши шаҳрдори Кӯлоб чанорҳои ҳудуди шаҳрро то 4,5 метр кӯтоҳ мекунанд ва шохаҳои буридаи онро барои ҳезум ба иштирокдорони Ҷанги бузурги ватанӣ ва барҷомондаҳо медиҳанд. Ба гуфтаи Назаров, ба чунин тарз бурридани чанор онро аз сари нав ҷавон мекунад.

Аммо Каримҷон Қодиров, ректори Донишгоҳ мегӯяд, бо баҳонаи ҷавон кардани дарахтони чанор қабл аз роҳбарии ӯ даҳҳо чаноре, ки ҳангоми гармо донишҷӯён дар сояи онҳо паноҳ мебурданд, решакан шудаанд. Донишҷӯёни гирдиҳамомада низ дар ин самт аз ректор пуштибонӣ намуданд. Беҳрӯзи Раҷабалӣ, донишҷӯи факултаи физикаи Донишгоҳ мегӯяд, онҳо ба хотири ҳифзи чанорҳо ҷамъ омаданд.

Ҳамид Саидов, корманди идораи ободонии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, онҳо тасмим доштанд, то 75 чанори назди Донишгоҳро каллабур намоянд, аммо устодон ва донишҷӯён ба ин кор монеъ шуданд.

Тилло Бобозода, табиатшиноси маъруфи муқими Кӯлоб низ аз иқдоми бурридани чанорҳо изҳори нигаронӣ намуд. Вай мегӯяд, таи чанд соли ахир бо баҳонае, ки чанор зарар дорад, дар Тоҷикистон онҳоро решакан мекунанд, ки ин ба ҳақиқат наздик нест. Ба гуфтаи Бобозода, чанор шабеҳи паҳлавонест, ки бо баргҳои паҳни хеш муҳитро аз ҳар гуна чангу боди ғализ ҳифз мекунад. Вай мегӯяд, аз ин ҷост, ки дар шаҳрҳои пешрафтаи дунё чанор парвариш мекунанд.

Таи ду соли ахир дар шаҳри Кӯлоб беш аз сад адад чанорҳои бузург буррида шудааст. Аммо идораи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, аслан онҳо чанорҳоеро решакан мекунанд, ки решаҳояш роҳҳои нақлиётиро вайрон намудааст.

Дар ҳоле масъулин бо супориши шаҳрдори Кӯлоб даст ба бурридани чанорҳо задаанд, ки маъмурияти Донишгоҳ онҳро моликияти ҷумҳуриявӣ унвон намуда, ба бурридани онҳо иҷоза намедиҳад.
XS
SM
MD
LG