Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари Абхазия пирӯз эълон шуд


Серегй Багапш ҳангоми раъйдиҳӣ, 12 декабри соли 2009.

Серегй Багапш ҳангоми раъйдиҳӣ, 12 декабри соли 2009.

Тибқи натиҷаҳои расмии интихоботи президентии Абхазия, Сергей Багапш бо касби зиёда аз 59,4 дарсади раъйи интихобкунандагон пирӯз шуд ва барои давраи дувуми раисиҷумҳури ин минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон дар даст нигоҳ дошт.

Рақиби асосии ӯ, собиқ ноиб-перзидент ва собиқ агенти КГБ, Раул Хаҷимба 15,4 дарсад раъй овард. Тибқи қонунҳои Абхазия, номзаде, ки дар даври аввали интихоботи панҷоҳ дарсад ҷамъи 1 раъйро ба даст овардааст, пирӯз эълон шуда, зарурат ба баргузории даври дувум боқӣ намемонад.

Мақомоти кумиссюни интихоботӣ аз ширкати густардаи интихобкунандагон хабар доданд, вале арқоми мушаххасеро баён надоштанд.

Хабарнигори радиои Озодӣ, Андрей Бабитский, аз Сухумӣ, пойтахти Абхазия ба воситаи телефон ба шароити баргузории интихоботро чунин шарҳ дода гуфт, "он ҷо нозироне аз Аврупо ва Амрико ҳастанд, вале дақиқ нест, кадом созмонҳоро намояндагӣ мекунанд. Ҳамчунин нозирон аз кишварҳои муштаракулманофеъ ва Венесеэла ҳузур доштаанд. Ҳамчунин аз Финлонд ва дигар кившарҳои аврупоӣ, монанди Лаҳистон. Чандин нозири мустақил низ будааст ва ҳамчунин ҷамъи зиёде аз хабарнигорон."

Нозирон аз Русия ва Венесеэла мегӯянд, интихобот озод ва шаффоф буд, аммо Хаҷимба аз тақаллуб ва хилофкориҳои густарда шикоят кард ва гуфт, натиҷаҳои интихоботро ба чолиш хоҳад кашид.

Интихоботи гузаштаи президентӣ дар соли 2004 зимни рӯёрӯии сарсахтонаи байни Багапш ва Хаҷимба бо хушунатҳои хиёбонӣ поён ёфта буд.

Дабири Шӯрои амнияти Гурҷистон, Эка Ткешашвилӣ интихоботи рӯзи шанбеи Абхозистонро "ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқӣ" унвон кард.

Тифлис пойфишорӣ дорад, ки Абхозистон ва минтақаи дигари ҷудоиталаб -- Осетияи Ҷанубӣ бахшҳои ҷудоинопазири Гурҷистонанд ва интихоботи Абхозистон як мазҳакаест, ки аз тарафи Русия коргардонӣ шудааст. Русия ба баргузории интихобот кӯмак кард, вале ба кадом номзадҳо бартарӣ доданашро нишон надод.

Ҷомеаи байнулмилал ин интихоботро ғайриқонунӣ мешуморад ва онро расман нодида мегирад. Танҳо Никарагуа ва Венесеэла ба думболи Маскав Абхазия ва Осетияи Ҷанубиро, ки аз аввали солҳои 1990 аз Гурҷистон густастаанд, ба расмият шинохтанд. Ин раванд пас аз ҷанги кӯтоҳи Русия бо Гурҷистон дар моҳи августи соли гузашта шурӯъ шудааст.

Русия дар Абхозистон наздик ба 3600 сарбоз дошта, ҳоло ба бунёди ду пойгоҳи ҳарбӣ дар ин ҷо машғул аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG