Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бо фарорасии Соли Нави мелодӣ ҳамчунон ин суол матраҳ аст, ки оё дар Тоҷикистон таҷлил аз ин иди дар замони Шӯравӣ хеле маъруф шаҳомати худро ҳифз кардааст?

Баргузории маросимҳои мухталифи идона ва омодагии кулли муасиссисот ба таҷлили ин ид далели бо шаҳомати зиёд ҷашн гирифтани соли нави масеҳӣ буд. Аммо дар ҷомеаи Тоҷикистон солҳои ахир сару садоҳои зиёд ба гӯш мерасад, ки мардуми мусалмони Тоҷикистон иди соли нави масеҳиро набояд таҷлил кунанд. Зеро ин ид ғайриисломӣ аст.

Аммо бархеи дигар мегӯянд, чун Тоҷикистон солшумории масеҳиро пазируфтааст, ин ид ба сифати фарорасии соли нав бояд таҷлил
шавад. Ин аст, ки дар бархе хонаводаҳо аз ин таҷлил мекунанд ва дар бархе на.

Аммо ба ҳар сурат аз ҳоло тайёрӣ ба таҷлили соли нави масеҳӣ дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Тафовут аммо дар он аст, ки солҳои қаблӣ 1-1,5 моҳ қабл аз фарорасии соли иди соли нав дар кӯчаву хиёбонҳо садои инфиҷори ба истилоҳи русӣ «хлопушка»-ҳо аз сӯи атфол мардумро нороҳат мекард. Ҳатто дар гузашта чандин нафар аз инфиҷори ин гуна «бозича» захмӣ шуда буданд. Вале имсол саҳнаи дигар ба назар мерасад.

Наворбардори радиои «Озодӣ» омодагӣ ва назари мардуми Душанберо ба таҷлили соли нави масеҳӣ пурсон шуд:


Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG