Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи нигаронкунандаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон


Дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, ки ба Рӯзи байнулмилалии ҳуқуқи башар дар ҷаҳон бахшида шуда буд, вазъи риояи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ҳамчунон нигаронкунанда арзёбӣ гардид.

Дар ин нишаст таъкид гардид, ки бо вуҷуди пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсиюни Созмони Милали Муттаҳид алайҳи шиканҷа дар соли 1995, мавориди шиканҷа, таҳдид ва азияти афроди гумонбар ва ҳамчунин зиндониён дар ин кишвар коҳиш наёфтааст.

Ин ҳамоиш таҳти васояти САҲА, Барномаи СММ ва давлати Тоҷикистон ва бо ширкати мақомоти давлатӣ, масъулони созмонҳои байнулмилалӣ ва коршиносони ҳуқуқи башар баргузор шуд. Дар ҳоле, ки Ойниҳол Бобоназарова, раиси Бунёди иҷтимоии «Перспектива+» ҳадафи ин ҳамоишро баррасии вазъи риояи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон унвон кард, вале гуфт, «Гап дар сари он аст, ки то кадом дараҷа ҳукуматҳо дар заминаи ҳуқуқи башар талош мекунанд, то ин вазъ риоя шавад. Дар Тоҷикистон то имрӯз ҳукми қатл вуҷуд дорад, шиканҷа вуҷуд дорад, ҳуқуқи занҳо ва кӯдакон поймол мешавад. Албатта, барои ин просесси дурур дароз зарур аст, то ин мушкилот ҳали хешро пайдо кунанд».

Раҳматулло Зоиров, раиси Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон, аз он изҳори таассуф кард, ки то ҳол арзиши ҳуқуқии инсон дар ҷомеаи ин кишвар дуруст дарк нашудааст, «яъне, аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ, аз нигоҳи қонунгузорӣ ҳам ва дар моддаи панҷи Конститутсия низ эълом кардем, ки инсон арзиши олӣ дорад. Яъне, манфиати миллӣ аз манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷомеа ва давлат иборат аст. Лекин имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон манфиати ҳаётан муҳими ҳукумат ё давлат аз ҷомеа ё шахсият болотар дониста мешавад».

Ба навбаи худ, Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон, мушкилоти мавҷуди марбут ба вазъи риояи ҳуқуқи башар дар ин
кишварро таъид кард, вале гуфт, ин кишвар ба тадриҷ дар пайи ислоҳи ин кор аст, «дар чанд соли ахир давлат талошҳоеро дар заминаи риояи ҳуқуқи башар анҷом додаст. Ба хусус, таъсиси Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи башар, ки намунаҳои ин кор аст. Аммо ҳанӯз ҳам мушкилоте дар ин замина вуҷуд дорад ва мо дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва иҷтимоӣ метавонем онҳоро рафъ созем».

Аммо он чӣ бештар мояи таваҷҷӯҳи хос ва нигаронии зиёди масъулони созмонҳои байнулмилалӣ, муассисоти иҷтимоъӣ ва соҳибназарон дар ин нишаст қарор гирифт, ин аст, ки мавориди шиканҷа, таҳдиду озори афроди гумонбар дар боздоштгоҳҳо ва зиндонҳои Тоҷикистон ҳамчунон коҳиш наёфтааст. Зулфиқор Замонов, раҳбари маркази таҳлилии Бюрои ҳуқуқи башар дар ин бора мегӯяд, «Шиканҷа аз мушкилоти умдаи ҳуқуқи башар дар ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ба ин манзур, ду соле пеш чандин Созмони иҷтимоӣ эътилоферо ташкил доданд, ҳадафи он назорат ба мавориди шиканҷа аз тариқи муроҷиати шаҳрвандон буд. Идораи мо низ ин мавзӯъро пайгирӣ мекунад, зеро пайвандони афроди мазнун ва зиндонӣ, ки маврид шиканфа қарор мегирад, барои додхоҳӣ ба мо низ мурофҷиат мекунанд. Аммо танҳо Эътилофи созмонҳои иҷтимоъӣ дар заминаи шиканҷа дар ин муддат 70 мавриди ба шиканҷа рӯ ба рӯ шӯдани шаҳрвандонро сабт кардааст».

Ин дар ҳолест, ки масъулони давлатӣ аз ироаи омори расмӣ дар бораи мавориди шиканҷа дар ниҳодҳои интизомӣ ва бозрасӣ худдорӣ мекунанд, аммо мегӯянд, муддати се соли ахир алайҳи 117 тан аз кормандони ин ниҳодҳо ба итиҳоми кор гирифтани онҳо аз шиканҷа алайҳи афроди гумонбар ва зиндониён парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва онҳо ҷазо гирифтаанд. Ҳамчунин тибқи иттилоъи ин масъулон дар ин муддат дар нисбати 264 нафари дигар аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва бозрасӣ барои поймол кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ҷазоҳои мухталифи маъмурӣ ба иҷро даромадааст.

Бештари ширкаткунандагони нишаст, аз ҷумла бархе намоядагони ниҳодҳои додгоҳӣ вуҷуди навоқис дар қонуни ҷиноиро аз иллатҳои ба шиканҷа мувоҷеҳ шудани афроди гумонбар ва зиндониён тавассути кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва бозрасӣ медонанд. Аз сӯи дигар, набуди шафофият дар фаъолияти ин ниҳодҳо аз дигар сабабҳои рӯ задании шиканҷа алайҳи афроди гумонбар ва маҳбус дар ин муасисаҳо дониста мешавад. Чун ба гуфтаи соҳибназарон масъулони Идораи умури зиндонҳои вазорати адлия ба вуруди намояндагони муасисоти гайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ба хусус Салиби сурхи ҷаҳонӣ ба зиндонҳои ин кишвар монеъ мешаванд. Аммо Маҳсиддин Сабуров, муовини Сардори Раёсати умури зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон дар ин бора гуфт, « ҳар созмоне, ки муроҷиат кардааст мо ба онҳо иҷозаи дидор аз зиндонҳоро додаем. Аммо дар мавриди Созмони Салиби Сурх. Қоидаҳои вижа аст. Чун шартҳое, ки онҳо пешниҳод мекунанд, ба дастурамалҳои мо мувофиқ нестанд. Аз ҷумла онҳо талаб мекунанд, ки бо фарди маҳбус дар танҳоӣ мулоқот анҷом диҳем, ки ин номумкин аст».

Ин дар ҳолест, ки Ивар Вики, раҳбари дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе аз давлати Тоҷикистон хост , то ҳамкориро бо созмонҳои байнулмилалӣ ва муассисоти ғайридавлатӣ дар заминаи расидан ба ҳалли мушкилоти марбут ба вазъи риояти ҳуқуқи башар, аз ҷумла коҳиши ба маротиби шиканҷа дар ин кишвар, бештар ба роҳ монанд. Ба гуфтаи масъулони САҲА бо он ки Узбакистон, аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ ба унвони кишвари нақзкунандаи ҳуқуқи башар дониста мешавад, аммо ба Созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ иҷозаи дидор аз зиндонҳояшро додааст.

Дар Тоҷикистон танҳо дар соли 2004 Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишвар мувофиқат карда буд, то Созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ бо вазъи зиндонҳои ин кишвар ошно шавад.

Ҳамакнун масъулони созмонҳои байнулмилалӣ бо таваҷҷуҳ ба фаъол шудани омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар чанд моҳи ахир ибрози умедворӣ мекунанд, ки фазои мусоиде барои ҳамкории муштараки созмонҳои байнулмилалӣ бо давлати Тоҷикистон дар ҷиҳати рафъи мушкилоти мартбут ба шиканҷа фароҳам гардад.
XS
SM
MD
LG