Пайвандҳои дастрасӣ

Уммон, Эрон, Урдун ва Австралия то имрӯз гуфтаанд, ки омода ҳастанд, марҳилаи ниҳоии Ҷоми наврасонаи Осиё миёни бозигарони 16-соларо мизбонӣ кунанд.

Се кишвари аввал асноди худро омода карда, ба Конфедеросюни футболи Осиё фиристодаанд ва Австралия бошад феълан мактубе навишта, ва гуфтааст, асноди расмияшро то анҷоми мӯҳлати қабули дархостҳо хоҳад фиристод.

Мӯҳлати қабули дархостҳо дар таърихи 5-уми феврал ба анҷом мерасад, вале ҳар кишваре, ки мизбонии ин сабқатро мехоҳад, бояд то панҷуми январ бо мактубе расмӣ ба КФО муроҷиат кунад.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми наврасонаи Осиё барои бозигарони зери 16-сола дар таърихи аз 1-ум то 16-уми ноябри соли 2010 баргузор хоҳад шуд. Кишваре, ки мизбонии ин сабқатро мехоҳад бояд бо шуморе аз талаботи КФО посухгӯ бошад, аз ҷумлаи ин талабот доштани ду варзишгоҳи мутобиқ ба меърҳои байнулмилалӣ мебошад.

Тоҷикистон ду варзишгоҳе дорад, ки ба ин меъёр посухгӯ мебошанд – яке, варзишгоҳи «Металлург» дар Турсунзода, ки ҳамин тирамоҳ мизбони марҳилаи ниҳоии Ҷоми президенти КФО буд ва мизбонии Тоҷикистон бо баҳои баланд қадрдонӣ гардид, ва дигаре варзишгоҳи тозатаъмири «Спартак» дар шаҳри Хуҷанд.

Аз талаботи дигари мизбонии сабқати мазкур он аст, ки мунтахаби кишвари муддаъӣ бояд роҳхат ба марҳилаи ниҳоиро ба даст оварда бошад.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар ду моҳи пеш зери раҳбарии сармураббӣ Зоир Бобоев дар бозиҳои интихобӣ дар Непал бар мунтахабҳои Непал, Лубнон ва Баҳрайн ғолиб омада, бо Эрон мусовӣ кард ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт.
XS
SM
MD
LG